Дар ин бора роҳбари Садорати фарҳанги вилояти Самарқанд Ботир Тугалов хабар дод.
Қайд гардид, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 2-юми июли соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои тағйир додани фаъолияти марказҳои фарҳангӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии идоракунӣ» тартиби ташкил ва идоракунии фаъолияти марказҳои фарҳангӣ тағйир ёфт.
— Мувофиқи қарор, марказҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ба муассисаҳои низоми Вазорати фарҳанг ва муассисаҳое, ки дар тобеияти ҳокимиятҳои ноҳияву шаҳр қарор доранд, ҷудо карда шуданд, — гуфт Ботир Тугалов. — Аз 80 маркази фарҳангии вилояти Самарқанд 37-тоаш аз сабаби надоштани бино ва хуб набудани имконияту заминаи моддию техникӣ кам карда мешавад.
27 маркази фарҳангие, ки ба низоми Вазорати фарҳанг мегузаранд, ба тарғиби мероси ғайримоддии фарҳангӣ, рушди санъати ҳаваскорӣ, роҳандозии самтҳои нави фаъолият, аз қабили технология, муҳандисӣ ва ҳунармандӣ, инчунин рушди соҳа машғул хоҳанд шуд.
16 маркази фарҳангии ноҳияву шаҳрҳо бошанд, ба ташкили чорабиниҳои фарҳангии маҳаллӣ ва вилоятӣ ихтисосонида мешаванд. Ҳамчунин, дар назар аст, ки баъзе марказҳои фарҳангӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба ауксион гузошта шуда, хусусӣ гардонида шаванд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, кормандони марказҳои фарҳангие, ки фаъолияташон ихтисор мегардад, фаъолияти худро дар соҳа идома медиҳанд.
