Маркази таърихии шаҳри Самарқанд таҳти унвони «Самарқанд — чорроҳаи маданиятҳо» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
Масоҳати умумии маркази таърихӣ 1 123 гектар ва ҳудуди муҳофизатии он 1 369 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, корҳои сохтмонӣ, таъмир ва дигар фаъолиятҳое, ки дар маркази таърихӣ анҷом дода мешаванд, бояд мутобиқи тартибу талаботи муқарраршуда амалӣ гарданд.
Тавре муовини сарвари Садорати мероси фарҳангии вилояти Самарқанд Зиёдулло Насимов хабар додааст, зимни корҳои мониторингӣ 17 ҳолати сохтмони ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Ин корҳо бе гирифтани хулосаи мусбати Шӯрои илмӣ-экспертӣ анҷом дода шудаанд. Вобаста ба чунин ҳолатҳо тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои дахлдор андешида шудаанд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди ёдгории бостоншиносии «Оқтепа», воқеъ дар ноҳияи Булунғур, шахсони номаълум ба 1 384,89 метри мукааб хок зарар расонидаанд.
Дар натиҷа ба иншооти мероси фарҳангӣ ба маблағи 42,7 миллиард сӯм зарар расидааст. Вобаста ба ин ҳолат прокуратураи ноҳияи Булунғур дар асоси моддаи 229-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
