Ovozi.uz

Бехобӣ ва ғунгоси гӯшҳо: Дар Замин ҳодисаи нигаронкунанда мушоҳида мешавад

Рӯзномаи бритониёии «Daily Mail» хабар дод, ки ҷунбишҳои пурасроре, ки дар Замин мушоҳида мешаванд, афзоиш ёфта, дар баъзе одамон боиси бехобӣ ва ғурунгоси гӯшҳо шудаанд.

Ба гуфтаи нашрия, дар тӯли ҳафтаи охир ҷунбишҳои «ғур-ғуркунанда» афзоиш ёфта, боиси халалдор шудани хоб ва ғурунгоси нохуш дар гӯшҳо шудаанд. Ин ҳолат бо ҳолати табиӣ, ки Резонанси Шуман ном дорад, алоқаманд аст.

Резонанси Шуман як системаи мавҷҳои устувори электромагнитӣ мебошад, ки байни сатҳи Замин ва ионосфера таҳти таъсири барқ ​​​​ба вуҷуд меояд. Ба гуфтаи нашрия, барномаи MeteoAgent, ки барои назорат кардани обу ҳавои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст, қариб як ҳафта боз афзоиши якбораи ин нишондиҳандаҳоро сабт ва онҳоро ҳамчун баланд ва эҳтимолан хатарнок арзёбӣ мекунад.

Олимон қайд мекунанд, ки чунин ҷнбишҳои Замин, инчунин метавонанд аз ҷониби оташфишониҳои Офтоб ва тӯфонҳои магнитӣ таъсир расонанд. Вобаста ба қувват ва намуди онҳо, эҳтимол дорад, ки ин омилҳо ба Резонанси Шуман таъсири иловагӣ расонанд.