Рӯзи 24-уми июли соли равон сессияи понздаҳуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.
Намояндагони халқ аввал котиб, рӯзнома ва тартиби кори сессияро тасдиқ намуданд. Сипас, директори Институти археологияи Самарқанд М.Саидов дар доираи таърихи сеҳазорсолаи шаҳри Самарқанд роҷеъ ба баррасии масъалаи баҳогузории азнави он маълумот дод.
Таъкид гардид, ки Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти археологияи шаҳри Самарқанд ва ташкилотҳои байналмилалии ҳамкор дар натиҷаи тадқиқотҳое, ки дар ёдгориҳои Афросиёб ва Кӯктепа иҷро карда шудаанд, ба охири ҳазорсолаи II пеш аз милод – оғози ҳазорсолаи I тааллуқ доштани бори аввал баланд шудани мақоми шаҳри Самарқанд дар пешрафти ҷомеа (урбанизатсия)-ро нишон медиҳад.
— Дар оғози соли равон бо қарори Шӯрои намояндагони халқи вилоят дар ёдгории «Афросиёб» ва арки Амир Темур ба воситаи истифодаи усулҳои тадқиқотии байнифаннӣ амалӣ намудани корҳои кофтуковӣ муайян гардид, — гуфт М.Саидов. – Дар ҷараёни кофтуков дар ҳудуди Арк бозёфтҳои дахлдор ба асрҳои VII-VI пеш аз милод то даври қарни XII ёфт шуданд. Ғайр аз ин, аз қабатҳои аз асоси девор пасттар ҷойгирифта, порчаҳои сафол, устухонҳои ҳайвонот ва маводҳои бостоншиносӣ муайян гардиданд, ки моддаҳои органикиро дар бар гирифтаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳо, аз чуқурии аз ҳафт метр зиёд сохтори мураккаби мудофиавии ба асрҳои VII-IV пеш аз милод дахлдорро ёфта, омӯхтанд.
Бозёфтҳои археозоологӣ ва археоботаникии муайянгардида ба лабораторияҳои Франсия, Германия ва Япония фиристода шуданд. Ҳоло таҳлили онҳо амалӣ карда мешавад.
Ғайр аз ин, имрӯзҳо аъзои экспедитсияи байналхалқии муштараки Ӯзбекистон – Франсия маводҳои аз Кӯктепа ва Афросиёб ёфтаро аз нав таҳлил намуда, баробари 3000 сол будани даври ташаккули шаҳри Самарқандро тахмин мекунанд.
Дар ҷараёни баррасии масъалаи мазкур намояндагони халқ пешниҳодҳо карданд, ки дар ёдгориҳои Кӯксарой ва Афросиёб корҳои кофтуковии васеъмиқёс идома дода шаванд, маълумотҳои илмии ба таърихи кӯҳани Самарқанд вобастаро таҳлил кунанд, консепсияи паркҳои археологиро бунёд ва ба оммаи васеъ таърихи кӯҳани моро тарғиб намоянд.
Масъалаи дуввӯми рӯзномаи сессия шунидани ҳисоботи ҳокими ноҳияи Пайариқ И.Ҷабборов дар бораи ҳолати амалӣ шудани зинаи аввали лоиҳаи драйверӣ бар асоси «Таҷрибаи Зарбдор» дар ин ноҳия буд.
Дар ҳисобот оварда шуд, ки дар маҳаллаи «Дӯстлик»-и ноҳия ба хелҳо ҷудо кардани мавиз ва борбандии он зери бренди Пайариқ, коркарди чарм, гӯшт ва шир роҳандозӣ шудааст. Дар маҳаллаи Навбаҳор 10 шабакаи савдо ва хизматрасонӣ, 15-то маскани истироҳатии замонавии «Кемпинг»-и конструксияаш сабук, дар маҳаллаи «Бошчорош» моҳипарварӣ, масканҳои истироҳатӣ ва савдо ташкил карда мешаванд.
Дар зинаи навбатии «Таҷрибаи зарбдор» лоиҳаи дар ҳудуди маҳаллаи «Чоштеппа» — 15,56 гектар майдони замини соҳили Оқдарёро ба 20-то лот тақсим карда, дар ауксион фурӯхта, ташкил намудани масканҳои истироҳати аҳолӣ, объектҳои савдо, хизматрасонӣ ва дар обанбори Тӯсинсойи маҳаллаи Ғаллакор роҷеъ ба ташкили моҳипарварӣ ва рушди экосайёҳӣ пешниҳоди таҳияи лоиҳаи иловагӣ ба миён гузошта мешавад.
Сипас, намояндагони халқ бар асоси рӯзномаи сессия ҳисоботи ҷонишини сардори садорати вилоятии кор бо ҷавонон А.Суюнбоевро шуниданд.
— Дар оғози соли равон бо мақсади омӯхтани муаммоҳои ҷавонон, додани ёрӣ барои ҳалли онҳо, рушди истеъдод ва қобилияти насли наврас, онҳоро аз рӯйхат гузаронда, «Баланси ҷавонон» ташаккул дода шуд, — гуфт А.Суюнбоев. – Мувофиқи он, дар вилоят шумораи аҳолии 0-30-сола 2 миллиону 310 ҳазор нафар (55 дарсади аҳолӣ), аз ҷумла 14-30-солаҳо 1 миллиону 112 ҳазору 620 нафарро ташкил мекунанд.
Мувофиқи «Баланси ҷавонон», 69,5 дарсади онҳо ба тоифаи «сабз», 29 дарсад ба «зард» ва 1,5 дарсад ба «сурх» дохил мешаванд. Аз 4204 нафари ба рӯйхати «Дафтари ҷавонон» дохилшуда, ба 3865 нафар ёрӣ расонда, аз ин рӯйхат бароварданд. Шуғли 6 ҳазор нафар ҷавонон таъмин гардид. Ба 430 нафар ҷавонон кредити имтиёзнок доданд, дар натиҷа, беш аз 300-то ҷойҳои корӣ ташкил карда шуд. Ба 20 ҳазор нафар ҷавонон 7 ҳазор гектар майдони заминро барои шуғл бо деҳқонӣ доданд.
Намояндагони халқ ҳисоботи мазкурро баррасӣ намуда, аввало зарурати оммавӣ кардани таҷрибаи сарварони фаъоли ҷавонон, рушди механизми кори навъи «хонадонбайъ»-и сарваронро таъкид намуданд.
Сипас, сарвари садорати вилоятии агентии идораи активҳои давлатӣ А.Эгамов роҷеъ ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хусусигардонии мулки давлатӣ» дар вилоят ҳисобот дод.
— Бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21-уми апрели соли 2025 «Дар бораи барномаи хусусигардонӣ барои соли 2025» дар вилояти Самарқанд фурӯхтани 665 миллиард сӯмина активҳои давлатӣ ва қитъаҳои замин ва аз он таъмини камаш 180,6 миллиард сӯм пардохт, инчунин дар 10-то ҷамъият ба савдо баровардани ҳиссаи давлатӣ, 64-то объекти мулки манқул ва 730,2 гектар қитъаҳои замин муайян шудаанд.
Мувофиқи Фармон, бо мақсади ихтисори иштироки давлат дар иқтисодиёт ва зиёд намудани ҳиссаи сектори хусусӣ то 1-уми январи соли 2030 ба ташкили корхонаҳо бо иштироки давлат моратория роҳандозӣ карда шуд. Инчунин талаби иштироки ҳатмии ҳокимиятҳои маҳаллии давлатиро дар оинномаи бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо бекор карданд, — гуфт А.Эгамов. – Бо мақсади иҷрои ин вазифаҳо аз оғози сол 407,5 миллиард сӯмина активҳо ва қитъаҳои заминро ба савдо бароварда, 448,2 миллиард сӯмина активҳо ва қитаҳои замин хусусӣ гардиданд. Инчунин, ҳоло савдои 60-то активҳои арзиши ибтидоиашон 130,9 миллиард сӯмина идома доранд.
То анҷоми соли 2025, инчунин иҷрои вазифаҳое чун ҳаҷми хусусигардонии 9-моҳа – 602 миллиард сӯм, пардохти онҳо 112 миллиард сӯм, ба савдо баровардани 573,7 гектар қитъаи замини 149,2 миллиард сӯмина ва ғайра муайян гардидаанд.
Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили мувофиқи Қонун «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқ ба қитъаҳои замин ва бинову объектҳое, ки дар онҳо бунёд шудаанд» эътироф кардани ҳуқуқи мулк ба қитъаҳои замини худсарона азхуд карда ва бино ва объектҳо дар онҳо сохтаи 220 нафар шаҳрванд (42 нафар аз ноҳияи Оқдарё, 26 нафар аз Ургут, 25 нафар аз Самарқанд, 24 нафар аз Каттақӯрғон, 20 нафар аз Ҷомбой, додани рухсат барои гирифтани қитъаҳои замин ба мақсади эҳтиёҷҳои ҷамоатӣ дар ноҳияи Пайариқ, Оқдарё, Булунғур ва шаҳри Самарқанд, истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ, тасдиқи хатҳои ҳудудии маъмурии шаҳру ноҳияҳо ва ғайраро баррасӣ карда, қарорҳо қабул намуданд.
