Ҳар сол дар арафаи 30-юми июл – Рӯзи дӯстии халқҳо дар сартосари ҷумҳуриамон чорабиниҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Имсол низ бахшида ба ин сана зери шиори “Ӯзбекистон – Ватани ягона” чорабиниҳои зиёд баргузор гаштанд. Чорабинии фарҳангӣ, ки дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи А.Пушкини вилояти Самарқанд бо номи “Нигоҳи дӯстӣ: фарохдилӣ, ҳамҷиҳатӣ ва осоиштагӣ” баргузор гардид, аз он ҷумла аст.
Дар он аҳли илму адаби Самарқанд, аз ҷумла ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (SIUT) Юсуф Абдуллоев, сармуҳаррири рӯзномаҳои муштараки “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Фармон Тошев, роҳбари шуъбаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд Тошпӯлат Тугалов, сарвари шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов, сарвари бахши вилоятии Фонди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис Достон Маликов, раис ва фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангии вилоят, устодону донишҷӯён, омӯзгорону донишомӯзон ва дигарон иштирок намуданд.
Чорабинӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагон, , шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистон, рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилояти Самарқанд гузаронида шуд, нахуст бо намоиши фотолавҳаҳои дӯстӣ ва ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, инчунин намунаҳои эҷоди арбоби санъати Ӯзбекистон Даврон Сафозода ва Баҳром Сафоев оғоз гардид.
Дар идома роҷеъ ба дӯстиву рафоқат ва ҳамдиливу ҳамбастагии халқҳо, корҳое, ки дар вилоятамон барои тарғиби ғояҳои осоиштагӣ ва фарохдилии байни миллатҳо амалӣ мешаванд, суҳбати самимона сурат гирифт.
— Мо кореягиҳо дар бораи дӯстӣ чунин мақол дорем: “Дӯсти ҳақиқӣ — аз симу зар беҳтар” — гуфт профессори SIUT, директори Маркази маданият ва забони Корея Ким Ин Тэ. – Дар Ӯзбекистон зиёда аз 120 халқу миллат зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳоро як чиз – Ватани ягона, яъне Ӯзбекистони биҳиштосо муттаҳид месозад. Дӯстии Ӯзбекистону Корея аз қарни VI, аз замони Афросиёб сарчашма мегирад ва ин дӯстӣ то имрӯз торафт мустаҳкамтару қавитар мегардад. Ба қарибӣ роҳбари вилояти Самарқанд Адиз Бобоев ба Кореяи Ҷанубӣ сафар ва аз якчанд вилоятҳои он дидан кард. Зимни сафар як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ин ба муносибатҳои дӯстонаи Самарқанду вилоятҳои Корея низ таъсири назаррас хоҳад расонд.
Сипас, ба ғолибон ва иштирокдорони озмуни “Рӯзноманигори ҷавон”, ки аз ҷониби таҳририяти “Овози Самарқанд” гузаронида шуд, диплом, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим гардид. Бояд гуфт, ки мувофиқи натиҷаи озмун, ҷои якум ба Фарзона Ҳамидова аз Самарқанд, ҷои дуюм ба Зулбибӣ Искандарова аз Сурхондарё ва ҷои сеюм ба Шаббода Асомиддинова аз Сурхондарё насиб кард.
Дар охир донишҷӯёну донишомӯзон бо забонҳои гуногун дар васфи дӯстӣ шеърҳо қироат карданд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
Нигоҳи дӯстӣ: фарохдилӣ, ҳамҷиҳатӣ ва осоиштагӣ
