Ovozi.uz

Қадри зарро заргар медонад

Аз солҳои 2019 то соли 2022 дар шӯъбаи эълону рек­л­амаҳо ҳамроҳи Дамир Нуров менишастам. Мабодо Дамир Нуров набошад ё ба таътил барояд, ман эълонро қабул мекардам.

Рӯзе ба ҳуҷра як ҷавонмарди тануманди босалобат даромада, гуфт, ки мехоҳад ба рӯзномаи мо эълон диҳад. Баъди он, ки ман маълумотҳои эълонро аз ӯ қабул кардам, ҷавонмард яке аз рӯзномаҳоро ба даст гирифта, «Ҳамин газета ба кӣ даркор, ягон кас газетаро мехонад-мӣ?» гуфт. Ман «Албатта!» гуфта, ҷавоб додам.

Баъди дар газета баромадани эълон, ҷавон ба таҳририят омаду як дона рӯзнома гирифт ва онро чорқат карда, ба кисааш андохт. Дили ман ба меҳнати кормандони рӯзнома сӯхту «Газетаро ғиҷим накунед ака, инро бурда ба идораи нотариус надиҳед, кори шумо ҳал намешавад» гуфтам. Ҷавонмард як қад париду «Ҳоло ҳамин хел-мӣ?» гуфта зуд аз дар баромад.

Наврӯз БОБОАҲМЕДОВ

©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»