Маълуми аҳли тадқиқ аст, ки аввалин рӯзномаву маҷаллаҳо дар кишварҳои нисбатан мутараққии Аврупо, аз ҷумла Олмон, Англия ва Франсия ба вуҷуд омада, сипас, ба мамлакатҳои Шарқ расида омадаанд. Аммо нашрияҳои ин давр бештар равияи илмӣ дошта, дар онҳо имкониятҳои матбуоти даврӣ, минҷумла иттилоърасонӣ ва тарғиби ҳаводиси иҷтимоӣ дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Дар натиҷаи рушду нумӯъи тадриҷии озодии сухан ва афзудани фаъолияти иҷтимоии инсон, дар ҷомеа ҷиҳати хабаррасонии рӯзномаҳо зиёд шуду вазифаҳои иртиботӣ, фарҳангӣ ва рекламавии он афзуд.
Дар замони Истиқлолияти ҷумҳурӣ рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба фаъолият оғоз намуда, дар баробари дастраси мардум намудани маводи иттилоотӣ, инчунин чопи китобу маҷмӯаҳои алоҳидаву дастҷамъиро ба роҳ мондааст.
Китоби «Овози Самарқанд»: аз дидаҳо, шунидаҳо» (ҳикоя, шеър ва ҳангомаҳо) чи тавре ки дар саҳифаҳои оғозии он ишорат рафтааст, ба муносибати 35-солагии таъсиси рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» бахшида шудааст. Баёз аз ҳикоя, шеър ва ҳангомаҳои дар ҷодаи машаққати эҷодӣ, риёзати рӯзноманигорӣ, бурду бохтҳои фаъолияти касбӣ ва мушкилоти тадвин ва таҳияи ахбор бахшидашудаи эҷодкорони муҳити адабии Самарқанд, кормандони таҳририят ва муштариёни рӯзнома иборат аст. Қобили қайд аст, ки дар ин нигоштаҳо заҳмати гарони эҷодӣ ва меҳнати сангини рӯзноманигорӣ тавассути тасвирҳои басо зебои шоирона ва санъатҳои бадеӣ тасвир карда шудааст, ки бемуҳобот ба қалби хонанда ҳам хулосаҳои ҳаётӣ ва ҳам завқи эстетикӣ хоҳад бахшид.
Китоби мазкурро метавон мутобиқи мазомин ва мундариҷаи ғоявиаш ба се қисми асосӣ тақсим намуд. Қисми нахуст фарогири ҳикояҳои ҳазломези марбут ба ҳаёти рӯзноманигорӣ ва шеърҳои ба рӯзнома бахшидаи ходимони рӯзнома Баҳодур Раҳмонов, Тошқул Азимзода, Ҳасан Сулаймонӣ, Бахтиёри Ҷумъа, Фозил Шукурзод, Лола Раҳимова, Наврӯз Бобоаҳмадов, Муҳаббат Худойбердиева, Шаҳзод Кенҷазода буда, бахши дуввум иборат аз навиштаҳои 20 нафар кормандони собиқ ва ҷамоатии рӯзнома мебошад. Қисми охирин баъзе ҳаҷвияҳои аз оғози таъсиси рӯзнома то ба замони ҳол нашршударо дарбар мегирад.
Муаллифон ва намояндагони баёзи фавқуззикр аз ҷиҳати синну сол ва дараҷаи таҷрибаи эҷодӣ мухталиф буда, тарзи ҷобаҷогузории номи муаллифон, чунонки ба назар мерасад, кормандони рӯзнома аз рӯйи мақому вазифаи худ, ходимони фахрӣ аз рӯйи синну сол ҷойгир шудаанд.
Тадвин ва нашри ин маҷмӯаи дастаҷамъӣ, ба ғайр аз ин гуфтаҳо, аз дигар ҷиҳатҳо низ судбахш аст. Зеро, дар он гуфтаҳо машаққати рӯзноманигориву вазифаи рӯзноманигор гоҳо ба таври шӯхиву ҳаҷв ва гоҳи дигар ба тарзи воқеиву реалӣ тасвир карда шудааст, ки ин барои журналистон ва эҷодкорони ҷавони ояндадор хеле манфиатбахш аст. Зеро, самти фаъолияти рӯзноманигорӣ фарогири як касб набуда, эҷодкорро ба дифоъ намудани вазифаҳои иловагии муаллифӣ, муҳаррирӣ ва ташкилию маъмурӣ маҷбур менамояд. Ба ғайр аз ин, бо баробари иҷрои вазифаи касбӣ ва эҷодкорӣ аз рӯзноманигор риояи қоидаву қонунҳо, эҳтироми махсус ба мероси фарҳангӣ, адабӣ, таърихӣ, гиромидошти забон ва масъулиятшиносӣ ба таври ҷиддӣ талаб карда мешавад.
Ҳини таҳлил ва тадқиқи маводи китоби «Овози Самарқанд»: аз дидаҳо, шунидаҳо» ба хулосае омадан ҷоиз аст, ки китоби мазкур қимати баланди бадеӣ ва адабӣ дошта, ба хусус, барои шавқмандони касбу кори рӯзноманигорӣ, муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу баррасии рӯзномаҳо, гузаш таву имрӯзи он машғуланд, билохир ба оммаи васеи дӯстдорони забону фарҳанг маводи муҳим ба шумор меравад.
Шариф ЯРАШОВ,
доктори илмҳои филологӣ оид ба фалсафа,
дотсенти кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи ДДС
