Ovozi.uz

“Бахте дар қасри оғуши ман!”

Аз Робиндронатҳ Тҳакур

Кӯдак аз модар пурсид: “Ман аз куҷо омадаам?… Маро аз куҷо овардаӣ?…”

Нимгирён, нимхандон модар кӯдакро дар оғуш фишурду посух дод:

“Ҷони ширинам, ту чун умеду орзу дар қалби ман ниҳон будию дар бозиҳои даврони кӯдакӣ туро дар миёни бозичаҳо меҷустам ва он гоҳ, ки ҳар бомдод сурати маъбуду матлуби худро бо гули рас бармеовардам, туро мехостаму дубора бар ҳам мезадам.

Ту дар зареҳи муқаддаси худоёни мо ҷой доштӣ ва бо парастиши онон туро ибодат мекардам.

Дар даврони ҳамаи орзуҳову ишқҳои ман, дар жарфҳои дилу ҷонаму ҳастию ҷони модарам, ту зиндагӣ мекардӣ.

Дар домани ин рӯҳи муқаддас ва фанонопазирӣ, ки бар хонадони мо ҳукмфармост, туро солҳо парасторӣ кардаанд.

Дар рӯзгори ҷавонӣ ҳар вақт гулбаргҳои қалбам шукуфта мешуд, ту чун атри гул дар атрофи он мунташир мешудӣ.

Ин таровати ту ҳамон аст, ки дар ҳангоми ҷавонӣ чун нуре, ки пеш аз сар задани Хуршед: осмонро равшан мекунад, ғунчасон бар ҷавореҳу аъзои ман шукуфт…

Эй ҷигаргӯшаи Осмон… Эй ҳамзоди ашъаи Офтоби бомдодӣ… Ту аз саркашии селосои рӯдхонаи ҳастӣ дар ин ҷаҳон берун ҷастӣ ва саранҷом дар соҳили қалби ман ба канор расидӣ.

Чун ба чеҳраи ту чашм медӯзам, ин розам саргардон месозад, ки чигуна мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳони ман гаштаӣ?… Аз тарси онки мабодо туро рӯзе аз даст диҳам сахт дар оғушат мефишорам, зеро фархунда аст бахте ки сарвату давлати ҷаҳонро дар қасафи оғуши наҳифи ман афкандааст…”

Таҳияи Шаҳзод Кенҷазода