Хусанови 21-сола дар ин бозӣ бисёр ҳам хуб марказро ҳимоя намуда, дар дақиқаи 58-ум корти зард гирифт ва дар дақиқаи 61-ум иваз карда шуд. Ба ҷои Хусанов ба майдон Оскар Бобби 21-сола омад.
Дар ин бозӣ дастаи «Манчестер Сити» бо ҳисоби 6:0 пирӯзӣ ба даст овард. Голҳоро Илкай Гюндоган (дубл), Эрлинг Ҳоланд, Клаудио Эчеверри , Оскар Обб ва Райан Шерки ба самар расониданд.
Дастаи “Манчестер Сити” дар даври аввал муқобили “Видад” бо ҳисоби 2 бар 0 ғалаба кард ва дар даври дуюм “Ал-Айн”-ро бо ҳисоби 6 бар 0 шикаст дода, роҳашро ба марҳилаи плей-офф ҳамвор намуд.
