Ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори омма, ки ҳамасола 27 июн таҷлил мегардад, дар Китобхонаи марказии вилоятии ба номи А.С. Пушкини вилояти Самарқанд рӯнамоии китоби муштараки хабарнигорони рӯзномаи “Зарафшон” Асқар Баратов ва Фазлиддин Рӯзибоев таҳти унвони “Суханони ошкорo дар мавзуъҳои нозук”, инчунин намоишгоҳи аксҳои хабарнигори таҳририяти муштараки рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Бахтиёр Мустанов бо унвони “Манзараҳои анъанаҳои куҳан ва Ӯзбекистони нав” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини сармуҳаррири таҳририяи муштараки рӯзномаҳои “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Ғолиб Ҳасанов кушод. Дар он раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сардори шӯъбаи вилоятии Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ Манноб Ибодуллоев, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонoв, номзади илмҳои филология, дотсент Толиб Ҷӯраев, хабарнигори рӯзномаи “Зарафшон” Гулруҳ Мўминова, инчунин дигар намояндагони ҷомеа суханронӣ карданд.
Ба тарҳи китоб ва унвонҳои махсуси он, аз қабили “Аз устодам норозиям” ва “Қарздор аз духтари ҷӯг” ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид ва хислатҳои вижаи онҳо таъкид шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони таҳририяи “Зарафшон” ва эҷодкорони ҷавон, ки силсилаи китобҳои “Зарафшон”-ро ғанӣ намуда, ба хонандагон маърифат мебахшанд, изҳори миннатдорӣ баён гардид. Зеро, ба гуфти устод Т.Ҷӯраев, китобо пайдо кардан ё намекардани хонандааш арзиш ва умри худро муайян мекунад.
Зиннура Илҳомҷонова
