Ovozi.uz

Ба ҷамоаи рӯзномаи «Овози Самарқанд»

Эҷодкорони муҳтарам!

Даставвал шуморо, тавассути шумо муштариёни рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро ба муносибати 35‑солагии таъсиси нашрияи мазкур муборакбод мегӯям.

Рӯзномаи «Овози Самарқанд», ки таҳти муассисии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд ва ҳокимияти вилоят нашр мешавад, имрӯз на танҳо дар вилоятамон, балки байни воситаҳои ахбори оммавии ҷумҳурӣ низ ҳамчун дорои мақоми худ, овози худ эътироф мегардад.

Чуноне, ки Президенти муҳтарамамон Шавкат Мирзиёев гуфтаанд: «Дар натиҷаи дигаргуниҳои таърихие, ки тайи солҳои охир дар кишварамон ба амал меоянд, барои ба минбари андешаи озод ва ҳимоягари фаъоли манфиатҳои халқамон табдил ёфтани васоити ахбори оммавӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ ва муҳити иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд.

Мо масъалаи таъмини озодии сухан ва матбуот, ҳуқуқи гирифтан ва паҳн кардани иттилоотро дар кишварамон ҷузъи муҳим ва ҷудонашавандаи стратегияи рушди худ, ки барои баланд гузоштани қадри инсон, бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати халқӣ нигаронида шудааст, медонем.»

Ҳамчун ҷавоб ба ин суханҳо рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар як муддати кӯтоҳ кори бузурги маданӣ-­маърифатиро ба ҷо овард.

Нақши рӯзномаи «Овози Самарқанд» дар ҳаёти иҷтимоии вилоятамон беназир аст. Боиси хушнудист, ки дар ҳар шумора хабар, маълумот ва мақолаҳои таҳлиливу танқидии интишоргардида, байни равшанфикрон ва ҷавонони вилоят мавриди баҳсу мунозира қарор гирифта, онҳо низ андешаҳои худро ба таҳририят ирсол менамоянд. Дар назди таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба роҳ монда шудани фаъолияти веб-сайти ovozi.uz, инчунин шакли онлайнии рӯзномаро мутолиа намудани тақрибан 50 ҳазор нафар тавассути шабакаҳои иҷтимоии Telegram, Facebook, YouTube ва Instagram, дар пайи ҷустуҷӯи пайваста, зудамал ва фаъол будани кормандони таҳририят далолат медиҳад.

Чанд сол қабл аз ин 30‑солагӣ ва аз нашр баромадани 3000‑умин шумораи рӯзнома дар миқёси вилоят ва ҳатто ҷумҳуриамон бо мамнунияти ба худ хос ҷашн гирифта шуда буд. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти таҳририят ва кормандони он таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд»» нашр гардидани қариб 20 номгӯи китоб дар байни муҳити адабии Самарқанд, ғайр аз ин тамоми ихлосмандони адабиёт ва китобхонон хуб қабул карда шуданд.

Вақте, ки дастовардҳои дар зарфи 35 сол ноил гардидаи ҷамоаи таҳририяти рӯзномаро мушоҳида мекунем, дар миёни онҳо мукофоти «Қалами тиллоӣ»-ро низ, ки яке аз бонуфузтарин мукофоти миллии ҷумҳуриямон ба шумор меравад, дидан мумкин аст. Ғайр аз ин, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидани онҳо шоёни таҳсин мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо рӯзномаи «Овози Самарқанд»­-ро ҳамчун нашрияе мешиносем ва қадр мекунем, ки дар татбиқи пайваста ва мунтазами ислоҳоти тамоми соҳаҳои вилоятамон фаъолона ширкат меварзад.

Албатта, дар ин кор саҳми Шумо — журналистони мехнатдӯсту эҷодкор, ки дар таҳририят кор мекунед, инчунин мухбирони ҷамоатӣ ва зиёиёни Самарқанд, ки шарикони наздики рӯзнома мебошанд, хеле калон аст.

Ба шарофати ҳамин фидокорӣ вақтҳои охир мазмуну мундариҷаи рӯзнома куллан тағйир ёфт. Дар таҳририят муҳити пурҷӯшу хурӯши эҷодӣ ба вуҷуд омад. Насли нави кадрҳои рӯзноманигор ба туфайли «Мактаби маҳорат»-и таҳририят ба камол мерасанд.

Дӯстони азиз!

Шуморо бо санаи муҳими имрӯза — 35‑солагии рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» бори дигар табрик гуфта, ба ҳамаи шумо саломатии мустаҳкам, камолоти эҷодӣ, дар кори пуршарафу пурмашаққататон зафарҳои бузург таманно менамоем!

Ҷашн гирифтани солгардҳои панҷоҳсолагӣ, садсолагии рӯзномаамон — «Овози Самарқанд» ба ҳар яки мо насиб гардад!

Бо эҳтиром и.в. ҳокими вилоят А.Бобоев