Ovozi.uz

Ба маҳаллаҳои Янгиҷой ва Боғизоғон мақоми «маҳаллаи сайёҳӣ» дода шуд

Дар чорабиние, ки бо иштироки ҷонишини раиси Кумитаи сайёҳӣ С.Бобокалонов, ҳокими ноҳияи Тайлоқ Беҳзод Раҳматуллаев, сарвари садорати сайёҳии вилоят Ҷ. Суюнов ва фаъолони маҳалла баргузор гардид, ба маҳаллаи Боғизоғон расман мақоми «маҳаллаи сайёҳӣ» дода шуд.

Ин ташаббус барои афзоиши иқтидори сайёҳии минтақа, таъмини шуғли аҳолӣ ва таблиғи арзишҳои миллӣ равона шудааст. Дар рафти чорабинӣ шаҳодатномаи тасдиқкунандаи оғози фаъолияти сайёҳӣ супорида шуд.

Тибқи нақша, беш аз 20 манзили маҳалла ҳамчун меҳмонхонаҳо таъсис дода мешаванд. Ин ба сайёҳон имкон медиҳад, ки бо тарзи зиндагӣ ва меҳмоннавозии миллӣ шинос шаванд.

Аз ҷумла, худи ҳамон рӯз ба маҳаллаи Янгиҷойи ноҳияи Самарқанд ҳам мақоми «маҳаллаи сайёҳӣ» дода шуда, шаҳодатномаи он ба раиси маҳалла тақдим гардид.