Нахӯд – як навъи лӯбиёгиҳо буда, дар бисёр кишварҳо ҳамчун ғизои серғизо ва муфид истифода бурда мешавад.
Нахӯд хеле серғизо аст:
* Сафеда (протеин) – барои мушакҳо муҳим.
* Нахи зиёд дорад, ки ҳисси сериро дароз нигоҳ медорад.
* Витаминҳо (махсусан гурӯҳи В) кори майнаро беҳтар мекунад. Ба хотира ва тамаркуз кӯмак мерасонад. Сафедаи зиёд дорад, барои варзишгарон ва касоне, ки машқ мекунанд, хеле хуб аст. Ба барқароршавии мушакҳо мусоидат мекунад.
* Минералҳо: оҳан, магний, калий. Барои пешгирии камхунӣ муҳим аст. Устухонҳоро мустаҳкам мекунад. Нахӯд барои паст кардани холестерин кӯмак мекунад. Сатҳи шакари хунро мӯътадил нигоҳ медорад.
* Антиоксидантҳо дорад, ки пиршавии пӯстро суст мекунанд.
Нахӯд метавонад дар баъзе одамон газ (дамкашӣ) оварад. Касоне, ки мушкилии меъда ё рӯда доранд, бояд бо эҳтиёт истеъмол кунанд.
