Ovozi.uz

«Тӯйи Истиқлол» ба деҳаҳои дурдасттарини Самарқанд расид

Дар Самарқанд бахшида ба 35-солагии Истиқлол фестивали «Тӯйи Истиқлол» идома дорад.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ӯзбекистон дар вилоят таҳти шиори «Як Ватан, як халқ шуда, зиндагӣ ва ояндаи нав месозем!» чорабиниҳои фестивали «Тӯйи Истиқлол» бо рӯҳияи баланди идона идома доранд.

Чунин чорабиниҳои пурмазмун дар ноҳияи Қӯштробот низ баргузор шуданд. Барномаҳои идона бо мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум, суҳбатҳои самимӣ, вохӯриҳои маънавию маърифатӣ ва ташаббусҳои нек гузашт.

Олимони маъруф, зиёиён, ҳунармандон ва тарғибгарони маънавият ҳатто ба деҳаи дурдасти Қувкалла рафта, бо сокинони он мулоқот карданд. Барои аҳолии ин деҳаи кӯҳистонӣ чунин вохӯрӣ ба як ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфт.

— Пештар барои тамошои консерт маҷбур мешудем ба Тошканд ё маркази вилоят равем. Имрӯз бошад, ҳунармандони номдор то назди дари хонаҳоямон омада, ба мо шодиву сурур мебахшанд. Аз он ки дар деҳаи кӯҳистонии мо чунин чорабинии бузург баргузор мешавад, хеле хурсандем, — гуфт сокини деҳаи Қувкалла Абдукарим Сулаймонов.

Дар ҳақиқат, имрӯз сокинони дурдасттарин минтақаҳои кишвар низ аз эътибор ва ғамхорӣ дар канор нестанд. Ба деҳаҳои кӯҳистонӣ рафтани ҳунармандони маъруф ва якҷо бо мардум таҷлил кардани ҷашн намунаи равшани чунин муносибати нек мебошад.

Барои аҳолии ноҳияи Қӯштробот як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ ташкил карда шуданд. Дар онҳо ба масъалаҳои тинҷиву осоиштагии кишвар, рушди Ватан, арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Зимни мулоқотҳои самимӣ масъалаҳои нақши истиқлол дар ҳаёти инсон, ислоҳоти дар кишвар татбиқшаванда, имкониятҳои фароҳамшуда барои ҷавонон ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баромадҳои дилнишини ҳунармандон бошад, рӯҳияи идонаи сокинонро боз ҳам боло бурд. Чунин чорабиниҳо дар шаҳри Каттақӯрғон низ баргузор шуданд. Мулоқот бо сокинони шаҳр, барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҳунарнамоии санъаткорон ба ҳамватанон рӯҳияи баланди идона бахшиданд. Дар рафти чорабиниҳо ба муоширати самимӣ бо мардум, шунидани фикру пешниҳодҳои онҳо ва дастгирии ташаббусҳои нек эътибори махсус зоҳир карда шуд.