Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишварамон дар «Келажак маркази»-и вилояти Самарқанд чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ташкил шуд, намояндагони ҳокимияти вилоят, Директори Институти забон ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказии ДДС, профессор Ҷӯлибой Элтазаров, раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Акрам Ҳайдаров, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, директори «Келажак маркази» Зебинисо Шодиева, намояндагони садорати адлия, шуъбаи вилоятии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, намояндагони ҳаракати «Юксалиш», фаъолони марказҳои миллии фарҳангӣ, зиёиён, нурониён ва донишҷӯ-ҷавонон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ иштирокчиён аз намоишгоҳе, ки аз ҷониби хонандагони марказ ташкил шуда буд, дидан карданд.Шахсоне, ки суханронӣ намуданд, таъкид карданд, ки Истиқлоли Ватан, сулҳу суботи кишвар ва некӯаҳволии мардум аз арзишҳои олитарин ба шумор мераванд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар таъмини рушди мамлакат ва ояндаи он масъулияти ҳар як шаҳрванд ва саҳми арзандаи ӯ аҳамияти муҳим дорад.
— Истиқлол бузургтарин дастоварди мост, — гуфт раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Шуҳрат Самадов. — Он ифодаи амалӣ шудани орзуву умедҳои садсолаҳои мардуми мо ва талошҳои онҳо барои зиндагии озоду осуда мебошад. Имрӯз маҳз ба шарофати ҳамин неъмат Ӯзбекистон роҳи рушди худро мустақилона муайян намуда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаи худро пайдо мекунад.
Мақсади асосии чорабинӣ ба ҷомеаи васеъ расонидани моҳият ва аҳамияти Истиқлоли кишвар, таҳкими минбаъдаи он, инчунин баланд бардоштани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта миёни намояндагони миллату қавмҳои гуногуни муқими кишварамон буд.
Намоиши намунаҳои фарҳанг ва санъати миллӣ ба чорабинӣ ҳусни бештар бахшида, ифодаи равшани муносибатҳои дӯстона миёни намояндагони миллатҳои гуногун гардид.
Барномаҳои фарҳангӣ-маърифатии чорабинӣ ба иштирокчиён рӯҳияи болида ва табъи хуш бахшиданд.
Дар охир аз ҷониби Маркази тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ба ҳамкорони марказ ташаккурнома ва туҳфаҳои хотирмон супурда шуд.
