Ovozi.uz

Барои кӯдакони Самарқанд «Тӯҳфаҳои Президент» омад

Кӯдакон бесаброна интизори иди Соли Нав мешаванд. Саргузаштҳо бо иштироки қаҳрамонҳои афсонавӣ, гирифтани тӯҳфаҳо аз Бобои Барфӣ ба кӯдакон шодӣ мебахшанд. Ин ид бо лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда барои тарбиятгирандагони ятимхонаҳои оилавӣ, хонандагони «Мактаби меҳрубон», фарзандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми иҷрои вазифаи волидайн бе нигоҳубини онҳо мондаанд ва оилаҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд, низ арзишманд аст. Зеро ба онҳо «Тӯҳфаҳои Президент» бо шириниҳои гуногун ва лавозимоти мактабӣ тақдим карда мешаванд.

Имсол 1055 кӯдак дар вилояти Самарқанд «Тӯҳфаҳои Президент»-ро мегиранд. Тӯҳфаҳои идонае, ки барои онҳо фиристода шудаанд, аз ҷониби масъулони ҳокимияти вилоят дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд ботантана истиқбол гирифта шуданд. Ин тӯҳфаҳо дар чорабиниҳои идонаи «Арчаи Президент», ки дар ҷойҳо баргузор мегарданд, ботантана ба соҳибонашон тақдим карда мешаванд.