Ovozi.uz

Барои ҷавонон Шӯрои нав таъсис ёфт

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо зиёиён, тарғибгарони маънавият ва эҷодкорон вохӯрд.

Дар вохӯрӣ масъалаи боз ҳам такмил додани чораҳо роҷеъ ба бедор намудани ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватан дар байни ҷавонон, ба воя расонидани онҳо ҳамчун инсони аз ҷиҳати маънавӣ баркамол баррасӣ шуд. Дар бораи пурзур намудани кори амалии вобаста ба тарбияи ҷавонон, бой гардондани ҷаҳонбинии онҳо, муҳофизат намудани онҳо аз таъсири ақидаҳои бегона фикру мулоҳизаҳо баён карда шуданд.

Фазлиддин Мадиев, докторанти Донишгоҳи давлатии Самарқанд роҷеъ ба кам будани малакаи тафаккури мустақили иддае аз ҷавонон, набудани ҳисси дахолат ба ҳодисаҳои атрофи онҳо, иммунитети нокифояи иҷтимоӣ, ки боиси зери таъсири ақидаҳои мухталиф афтодани онҳо мегардад, маърӯза кард.

Ректори донишгоҳ Рустам Холмуродов таъкид кард, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шавад.

Бо ташаббуси роҳбари вилоят Шӯро таъсис дода мешавад, ки Консепсияи ягонаи тарбияи ҷавононро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи он дар раванди таълим чораҳои мушаххас пешниҳод менамояд.

Дар рафти суҳбат доир ба ташкили усулҳои самараноки тарғибот дар кор бо ҷавонон, бо назардошти майлу хоҳиши онҳо дар ҷараёни кор пешниҳодҳо шунида шуданд. Вазифаҳои асосие, ки дар назди Шӯрои навтаъсис истодаанд, муайян карда шуданд.