Аз соли 1926 инҷониб ҳар рӯз радиои вилояти Самарқанд шунавониданҳои худро бо суханони «Самарқанддан гапирамиз!», «Говорит Самарканд!» оғоз мекунад.
Академик Воҳид Абдуллоев низ дар ҷавонӣ яке аз сухангӯй (диктор)-ҳои аввалин дар ҷамоаи эҷодӣ будааст. Ин ҷавони ба илму маърифат ташна аз соли 1927 ба идораи радиошунавониҳои навтаъсиси Самарқанд, ки дар кӯчаи Заводскаяи шаҳр (ҳоло маҳаллаи Мирсаид Барака, шафати мактаби Президентӣ) равуо мекард. Ӯ 15‑уми майи соли 1912 таваллуд шудааст. Азбаски маълумоти аввалинро роҷеъ ба қироат ва мутолиаи ифоданок дар мактаби кӯҳнаи шафати масҷиди «Шарбатдор», сипас дар мактаби рақами 10 ва омӯзишгоҳи шаҳр гирифтааст, таҷриба, овоз, майл ва кӯшишҳои ӯ манзури ходимони радио шуданд. Бинобар ин, ба ҷавони соҳибистеъдод рухсат доданд, ки баъзе хабар ва шунавониданҳои ба ҳаёти шаҳр ва вилояти Самарқанд бахшидаро хонад. В.Абдуллоев дар муддати кӯтоҳ дар байни шунавандагони радиои Самарқанд ҳамчун сухангӯи ҷавони болаёқат шинохта шуд.
Дар ин бора ва фаъолияти илмиву педагогии В.Абдуллоев дар маҷмӯаи дуҷилдаи «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ, ки дар нашриёти «Фан» чоп шудааст, маълумотҳои пурқимат ҳастанд.
Олими маъруфи Ӯзбекистон Воҳид Абдуллоев пас аз гирифтани унвон ва мукофотҳои баланди давлатӣ низ то охири умр робитаи худро бо радиои вилоят накандааст. Устод ҳангоми эълон кардани моҳонаҳо бахшида ба хоҷагии қишлоқ ё ки соҳаҳои дигар, инчунин пеш аз идҳои давлатӣ ё ки касбӣ дарҳол бо ҷӯшу хурӯш, шеърҳои рӯҳбаландона эҷод намуда, халқи моро ба корҳои нек ва хайрхоҳона даъват мекард.
Воҳид Абдулло барои он ки шеърҳо писанди шунавандагон шаванд, онро ниҳоят ифоданок ва бо оҳанг (интонатсия) мехонд.
Нависанда ва арбоби ҷамоатӣ Зиё Саид дар китоби худ «Ӯзбек вақтли матбуоти тарихига оид материаллар» («Маводҳо дар бораи таърихи матбуоти даврии ӯзбек») дар бораи радио низ, ки рӯзномаи бесим ва бекоғаз эътироф гардида буд, маълумотҳои бисёр овардааст.
Дар ин давр маъруфтарин ҳунарпешаҳо (Ҳидоятов, Нарзуллоев, Таибуллаев, Эшонтӯраева, Олим Хӯжаев, Бурҳонов, Зокиров, Холдоров, Юсуф қизиқ ва дигарон) баромад кардаанд, шоир ва нависандагон (Уйғун, Ҳамид Олимҷон, Охундӣ, Ойдин, Ғафур Ғулом, Алексеев ва дигарон) аз микрофони радиои вилоят намунаҳо аз эҷодиёти худро хондаанд.
Ба соли 1961 омада, дар назди радиои вилоят муҳарририяти шунавониданҳо ба забони тоҷикӣ ташкил шуд ва дар он шоир Салим Кенҷа чун муҳаррир, Борис Нектолеев ва Аслиддин Қамарзода мухбир, Муайяна Хоҷаева ба сифати сухангӯй фаъолиятро оғоз намуданд.
Радиои вилоят дар даврҳои мухталиф бо номҳои гуногун дар тасарруфи ташкилот ва кумитаҳо буд. Аз соли 2025 ба ташкилоти эҷодӣ мақоми муассисаи давлатии эҷодии «Самарқанд вилояти телерадио канали» («Канали телерадиои вилояти Самарқанд»)-и Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон дода шуд. Аз оғози фаъолият дар радиои вилоят академик В.Абдулло, шоира Раъно Узоқова, Матлаб Эрмуҳаммедов, Душан Файзӣ, Эдуард Сагалаев, Муайяна Хӯҷаева, Облоқул Усмонқулов, Ӯткир Раҳмат, Гулчеҳра Ҷамилова, Фармон Тошев, инчунин Орзу Рӯзиев, Аҳмадҷон Нарзиқулов, Очил Тӯйчиев, Мамараим Мардиев, Раҳмон Чинимирзаев, Эдуард Соколовский, Азиз Юлдошев, Абдумурод Исматов, Жибак Аҳадова, Ӯткир Саидов, Исоқул Умрзоқов, Мамадиёр Зиёддинов, Шарбат Мухторова, Раҳим Қодир барин соҳибқаламон фаъолият бурдаанд.
Ҳоло ба воситаи радиои вилоят ҳар рӯз ба мавҷ 18 соат шунавониданҳо гузошта мешавад. Имсол дар мамлакатамон ба бори аввал дар мавҷҳои ҳаво паҳн шудани шунавониданҳо 100 сол пур шуд. Инро ҳуҷҷатҳои таърихие, ки дар архивҳои давлатии вилоят ва муассисаи давлатии «Самарқанд вилоят телерадиоканали» нигоҳдошт мешаванд, тасдиқ мекунанд.
Ҷамоа ҳоло дар ҳоли идома додани ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ, ба боз ҳам бештар намудани муваффақиятҳои худ ҳаракат мекунад.
Талаби имрӯза низ дар асл чунин аст.
Абдурасул АШӮРОВ,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон
