Писарак нависонависи бибиашро дида пурсид:
— Дар бораи ман менависед?
Бибӣ аз навиштан бозистода, бо табассум ба наберааш гуфт:
— Ёфтӣ? Ман дар бораи ту менависам. Вале чӣ навиштан аҳамияте надорад, бо чӣ навиштан муҳим аст. Мехоҳам, баъди ба воя расидан ту ҳам мисли ҳамин қалам бошӣ…
Набера ба қалам нигариста, чизе нафаҳмид.
— Ин қалам ба ҳамаи қаламҳои дигар монанд?
— Ин ба он вобаста аст, ки ба чизҳо чӣ хел менигарӣ. Ин қалам дорои панҷ хусусияти барои ту зарурӣ аст. Агар хоҳӣ, ки дар роҳи ҳаёт дарнамонӣ, инҳоро донистанат даркор.
Якумаш, ту доҳӣ шуданат мумкин аст, вале дар ҳаёт вуҷуд доштани Дасти роҳнаморо ҳаргиз фаромӯш накун. Мо ин Дастро қувваи Илоҳӣ мегӯем. Ба ин қувва бовар кун ва еҳсос кардани онро омӯз.
Дуввум, пеш аз навиштан барои мо қаламро тез кардан лозим меояд. Ин амал эҳтимол, барои қалам азобовар аст, лекин баъди тезкунӣ он бориктар менависад. Аз ин мебарояд, ки ба дард тобовар шав, дар хотир дор, ки дарду азоб иродаи инсонро бақувват мекунанд.
Саввум, дар вақти бо қалам навиштан он чизҳое, ки ба назарат хато менамояд, бо хаткӯркунак тоза кардан мумкин. Дар хотир дор, ки худро ислоҳ кардан — кори бад нест. Аксаран, ин ягона воситаест, ки ба роҳи дуруст рафтан устувор намояд.
Чорум, қалам аз кадом дарахт тайёр карда шудааст ва шакли он чӣ хел аст, аҳамият надорад. Сиёҳии дохили он муҳим аст. Бинобар ҳамин, доимо дар бораи он фикр кун, ки дар қалби ту чиҳо мегузорад.
Ва ниҳоят, панҷуминаш: қалам ҳамеша аз паси худ дар рӯйи коғаз из мегузорад. Ту ҳам мисли қалам баъди худ нақши рафтору кирдоратро дар зиндагӣ мемонӣ ва барои ҳамин ҳам, ҳар як қадаматро дониста мон!
