Дар ҳамин рӯзҳо дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия конференсияи навбатии генералии Академияи умумиҷаҳонии илмҳои (TWAS) давом дорад.
Бинобар маълумоти Академияи илмҳои Ӯзбекистон дар конфронси имсола мавзуъҳои долзарб аз қабили тандурустӣ, тағйирёбии иқлим, рушди устувор ва инноватсия муҳокима шуда истодааст. Дар ин конфронс ба витсе-президенти Академияи илмҳои Ӯзбакистон, профессор Шаҳло Турдиқулова, ки дар аввили соли равон академики Академияи илмҳои ҷаҳон интихоб шуда буд, ба таври тантанавӣ дипломи расмӣ супурда шуд.
Барои маълумот: TWAS яке аз академияҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад, ки соли 1983 таъсис ёфта, олимони барҷастатарин ва маъруфи ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Дар Академия қариб аз 100 кишвари ҷаҳон, беш аз 1400 нафар олимони варзида аз ҷумла барандагони Ҷоизаи Нобел ва олимони пешқадаме, ки дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд, фаъолият мебаранд.
