Ovozi.uz

Самараи ислоҳот дар мақомоти боҷхона (гумрук)

Солҳои охир ҳаҷми буҷаи давлатӣ, ки аз ҳисоби пардохтҳои боҷхона ташаккул меёбад, ба дараҷаи назаррас боло рафт. Аз ҷумла, дар соли 2023 ба ҳисоби буҷаи давлат 3,39 (дар соли 2022 ҷамъ 2,56) триллион сӯм пардохти боҷхона рӯёнида шудааст.
Ҳоло дар Ӯзбекистон ба тадбиркорон имтиёзҳои хуб тақдим гардида, дар соли 2023 бо мақсади дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз пардохтҳои боҷхона қариб 3,58 триллион сӯм имтиёз ва преференсияҳои тариф истифода бурда шудааст. Ғайр аз ин, тартиби идома додани пардохти музди боҷхонаро содда гардониданд. Дар натиҷа, дар соли 2023 соҳибкорон аз ин имконият 946,0 миллиард сӯм (соли 2022 ҳамагӣ 872,9) миллиард сӯм барои пардохти маблағҳои боҷхона истифода бурдаанд. Дар Садорати боҷхонаи вилоят дар соли 2023 ҳаҷми экспорти иштирокдорони Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ТИФ) 791,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил карда, ин нишондод нисбат ба соли гузашта 140,4 миллион доллари ИМА ё 21,5 фоиз зиёд шудааст.
Маҳсулотҳои асосие, ки экспорт шудаанд:
— меваю сабзавот ба миқдори 205,5 миллион доллари ИМА (25,9%);
— нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он — 169,4 миллион доллари ИМА (21,4%);
— маҳсулотҳои бофандагӣ — 112,4 миллион доллари ИМА (14,2%);
— металл ва анҷому асбобҳои аз он тайёршуда — 86,3 миллион доллари ИМА (10,9%);
— маҳсулотҳои хӯрокворӣ — 66,4 миллион доллари ИМА (8,4%);
— маҳсулотҳои тамоку ва машрубот — 53,0 миллион доллари ИМА (6,7%);
— калоба — 28,6 миллион доллари ИМА (3,6%);
— нуриҳои минералӣ — 12,1 миллион доллари ИМА (1,5%);
— маҳсулотҳои дигар — 58,1 миллион доллари ИМА (7,3%).
Маҳсулотҳое, ки дар давоми соли 2023 импорт шудаанд, 2 483,2 миллион доллари ИМА -ро ташкил дода, нисбати соли гузашта 730,9 миллион доллари ИМА (41,7%) афзудаанд. Маҳсулотҳое, ки импорт шудаанд, инҳоянд:
— нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он — 454,8 миллион доллари ИМА (18,3%);
— асбобҳои техникӣ — 409,4 миллион доллари ИМА (16,5%);
— металл ва ашёҳои аз он тайёршуда — 359,7 миллион доллари ИМА (14,5%);
— электротехника ва қисмҳои он — 200,5 миллион доллари ИМА (8,1%);
— маҳсулоти фармасевтикӣ — 174,5 миллион доллари ИМА (7,0%);
— маҳсулоти бофандагӣ — 110,9 миллион доллари ИМА (4,5%);
— пласмаса ва ашёҳои аз он тайёршуда — 101,8 миллион доллари ИМА (4,1%);
— маҳсулотҳои хӯрокворӣ — 80,6 миллион доллари ИМА (3,2%);
— маҳсулоти саноати кимиёвӣ — 74,8 миллион доллари ИМА (3,7%);
— маҳсулотҳои дигар — 516,2 миллион доллари ИМА (20,8%).
Соли 2023 боҷхоначиён ба 1128 ҳолати гардиши ғайриқонунии 35 миллиарду 770,3 миллион сӯмина маҳсулот нуқта гузоштанд.
Ҳоло бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии соҳибкорон ва шахсони ҷисмонӣ фаъолияти доимӣ (24 соат)-и телефонҳои рақамаш кӯтоҳи 11–08‑и Кумитаи давлатии боҷхона ва «Телефони боварӣ»-и Садорати боҷхонаи вилоят (66) 233–63–00 роҳандозӣ шудааст.

Н.БОБОАҲМАДОВ