Дар Хонаи матбуоти вилоят вохӯрии хотирмон баргузор гардид. Журналист, нависанда ва мутарҷими маъруф Янгибой Қӯчқоров бо китоби худ «Қиссаҳои хонадони бузург» ба назди китобдӯстони самарқандӣ омад.
Ин дафъа чорабинӣ бо он фарқ дошт, ки на танҳо муаллифи китоб, балки қаҳрамони он низ иштирок намуда, ба маҳфил рӯҳу аҳамияти хоса бахшиданд.
Ба ин китоб эссеҳо, мусоҳибаҳои бадеӣ-публитсистӣ, мактубҳо ва андешаҳое, ки муаллиф дар солҳои гуногун навиштааст, ҷамъ оварда шудаанд. Онҳо таҷрибаи зиндагӣ, мушоҳидаҳо ва нигоҳи фалсафии эҷодкорро равшан инъикос мекунад.
Зимни вохӯрӣ Янгибой Қӯчқоров дар бораи таърихи офарида шудани китоб, воқеаҳои илҳомбахш ва қаҳрамонҳои ҷолиби он сухан гуфт. Андешаҳои самимии муаллиф дар меҳмонон шавқу ҳаваси зиёдеро бедор намуд.
Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар миёни меҳмонон қаҳрамони китоб — муаллифи асарҳои «Нидо аз зиндон», «Ҳавои мансаб», «Хонадони бузург», «Муҳаббати мардикор» ва дигар китобҳо, адиби маъруф Муҳаммад Салом низ ҳузур дошт. Ин ки адиби 90-сола, бо фикри тоза ва қалами устувор, аз Бухоро омада дар ин вохӯрӣ иштирок кард, барои аҳли эҷод намунаи ҳақиқии ибрат гардид.
— Қисми бузурги эҷодиёти худро ба равшан сохтани мушкилоти шӯршавии заминҳои кишоварзии вилояти Бухоро бахшидаам, — гуфт Муҳаммад Салом. — Мо бо мутахассисон якҷо роҳҳои мубориза бо ин офатро бо асосҳои илмӣ пешниҳод намудем. Аммо на ҳамаи роҳбарон ин андешаҳоро ҷонибдорӣ карданд. Аз ҳамин сабаб тӯли ним аср ба эҷодиёти ман таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир нашуд. Ҳамкасби ҷасурам Янгибой Қӯчқоров бо ман суҳбат ороста, қарор дод дар ин бора китоб нависад.
— Мо аз ҷавонӣ асарҳои устод Муҳаммад Саломро бо шавқ мехондем, — гуфт Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон, шоира Ҳосият Бобомурадова. — Имрӯз ҳам дастро аз қалам накашида, аз эҷод хаста нашуданаш, пеш аз ҳама, нишонаи покии рӯҳ ва муҳаббат ба ҳаёт аст.
Ин гуна вохӯриҳои самимӣ дар як қатор донишгоҳҳои олии шаҳри Самарқанд низ баргузор гардиданд.
