Ovozi.uz

Намояндагони соҳаи сайёҳии Россия ба Самарқанд омаданд

Дар Академияи сайёҳии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» бо иштироки вакилони садорати сайёҳии вилоят, турагентҳо, гидҳо ва намояндагони соҳаи сайёҳии Россия вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар он дурнамои рушди сайёҳии байналмилалӣ, таҳкими равобити сайёҳии Самарқанд бо вилоятҳои Самара, Маскав, Ростови Россия ва таҳкими ҳамкориҳо баррасӣ гардид.

— Ҳадафи асосии вохӯрӣ ҷорӣ намудан ва рушди самтҳои нави сайёҳӣ мебошад, — гуфт Дилшод Нарзиқулов, ҷонишини сардори садорати сайёҳии вилоят. — Аз ҷумла, мо барои дар самтҳои экотуризм, мототуризм ва сайёҳии тиббӣ ба сатҳи нав баромада, имкониятҳои онро дар вилоятамон васеъ гардонидан, роҷеъ ба таҳияи харитаҳои роҳ ва чорабиниҳо бо шарикони худ аз Россия ба мувофиқа расидем.

— Ман бори аввал соли 2018 ба Самарқанд омада будам, — гуфт Роман Балтер, депутати Думаи вилояти Самараи Россия. — Ба ростӣ, дигаргунихои дар панҷ соли охир амалигардида дар ин ҷо маро ба ҳайрат овард. Самарқанд шаҳри таърихӣ ва пойтахти сайёҳии Ӯзбекистон мебошад. Маҳз ба ҳамин далел мо бо коршиносон ва соҳибкорони соҳаи сайёҳии Самарқанд ҳамкорӣ намуда, дар ин соҳа кадрҳо омода кардан ва самтҳои нави сайёҳиро якҷоя инкишоф доданро мақсад кардаем.
Дар поёни чорабинӣ салоҳияти сайёҳии Самарқанд ба намоиш гузошта шуд.