Чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон дар мамлакати мо низ моҳи мубораки Рамазон бо шукӯҳи таровати дигар, хайру баракот идома дорад. Дар ин самт қарори вобастаи Сарвари давлат имзо гардида, чорабиниҳо ва амалҳои хайре, ки дар ин моҳи накӯ амалӣ мешаванд, муқаррар гардиданд.
Ҳоло дар беш аз 1600 масҷиди мамлакатамон Қуръони карим хатм карда мешавад. хайру эҳсони инсонҳои саховатпеша, кушодадаст боз ҳам меафзояд. Зеро, шумораи ҳамватанонамон, ки ба ҳадиси Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам “Беҳтарин садақа онест, ки дар Рамазон карда шудааст” (ривояти Имом Тирмизӣ) амал мекунанд, афзудааст ва ин шоёни таҳсин мебошад.
Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар бораи аҷри бузурги ифтор кардан ба рӯзадорон чунин фармудаанд: «Ҳар ки рӯзадореро ифтор диҳад, ба андозаи он ба вай подош мерасад, бе он ки аз подоши рӯзадор чизе кам шавад». (Ривояти Тирмизӣ ва дигарон).
Рӯзи 25-уми март дар тамоми минтақаҳои кишварамон, аз ҷумла, вилоятамон ҳам дастрахони ифторӣ ороста шуд. Дар ифтор дар вилояти Намангон Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард. Сарвари давлатамон мусулмонони кишварамонро боз як бор бо моҳи Рамазон табрик намуд. – Имрӯз ҳамаи мо якҷоя бо уламоҳо ва нурониёни мӯҳтарам, намояндагони ҷамоатӣ дар ифтор иштирок дорем. Гӯё, имрӯз халқи бисёрмиллати Ӯзбекистон, ки чун оилаи ягонаву аҳл зиндагонӣ мекунанд, дар сари як дастархон ҷамъ омаданд. Фикр мекунам, ки ин чорабинии савоб барои гиромидошти қадри инсон ва дар чунин руҳияи некӣ камол ёфтани авлоди ҷавони мо хидмат мекунад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлатамон ба ҳамватанони соҳибимону бодиёнат, саховатмандамон, ки дар ин корҳо саҳм доранд, ташаккур гуфт. Таъкид гардид, ки дар мамлакати мо системаи комилан нави ҳифзи иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Ин система пеш аз ҳама, ба эътибору ғамхории ҳамаҷониба ба инсонҳои ниёзманд, аз ҷумла, шахсони ногироидошта, камбизоат, ятимон ва афроде, ки ба парастории дигарон ниёз доранд, нигаронида шудааст.
Шавкат Мирзиёев дар ин бора ҳарф зада, ҳикмати мутафаккир Алишер Навоиро ёдовар карда гуфт, ки “Ҳар касе, дилхастаеро хотираш шод мекунад, Ӯ ба ин кирдори худ дон, Каъба обод мекунад.”
Ин нигоҳ бо моҳияти асили инсонии дини муқаддаси мо ҳамоҳанг аст. Дар ҳақиқат, мусулмони воқеӣ он чизеро, ки ба худ раво мебинад, ба дигарон ҳам ҷоиз медонад.
Ҳамроҳи нурониён, инсонҳои ниёзманд, уламоён ифтор кардани Сарвари давлатамон ҳолате буд, ки пештар мушоҳида нашудааст. Халқпарварии ҳақиқии Сарвари давлат, ки ҳамеша паҳлӯ ба паҳлӯи халқ аст, дар чунин наздикию самимият бори дигар намоён гардид.
Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ, саримом-хатиби вилояти Самарқанд
Ифтор бо сарвари давлат
