Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов истиқбол гирифт.
Тибқи барномаи сафар меҳмонон аз ҷойҳои бостонӣ ва ҷолиби Самарқанд дидан мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 28-уми август Сарвари давлат намояндаи махсуси Президенти ИМА оид ба шарикии глобалӣ Паоло Замполлиро ба ҳузур пазируфта буд.
Дар мулоқот масъалаҳои боз ҳам васеъ намудани шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷониба байни Ӯзбекистон ва ИМА, ҳамкории самаранок дар соҳаҳои таъмини бехатарӣ, терроризм, экстремизм ва мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ байни мамлакатҳо баррасӣ гардида буд.
Ғайр аз ин, ба нақша гирифта шуд, ки тирамоҳи соли ҷорӣ ҷамъомади аввалини мулоқоти ҳамкории стратегии Ӯзбекистону ИМА баргузор шавад.
Нахустин нишасти Муколамаи густурдаи шарикии стратегӣ миёни Узбекистон ва Иёлоти Муттаҳида низ дар тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор мешавад.
