Ovozi.uz

Депутатҳои Навоӣ таҷрибаи Самарқандро омӯхтанд

Мувофиқи супориши Маркази бозомӯзии фаъолияти мақомоти намояндагии минтақавии девони Сенати Олий Маҷлис аз 21-уми декабри соли 2023 фаъолияти кории ҳамдигарро омӯхтани Шӯроҳои намояндагони халқи вилоят, бо ҳам таҷриба иваз кардани онҳо муқаррар гардидааст. Дар заминаи ин депутатҳои вилояти Навоӣ ба Самарқанд омада, бо фаъолияти ҳамкасбони худ шинос шуданд, табодули таҷриба намуданд.
Иштирокдорони семинар нахуст маҷмӯаи Имом Бухорӣ ва мақбараи Ислом Каримовро зиёрат карданд.
— Аз кумаки ҳуқуқӣ ба палатаи болоӣ ё мақомоти намояндагии эҷодкории қонун дар ҷойҳо, ташкили чунин мулоқотҳо самарабахштар аст, — гуфт вакили Сенати Олий Маҷлис Абдурашид Алтиев. — Масалан, дар чоряки якуми соли ҷорӣ аз ҷониби Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд 6 маротиба масъалаи тасдиқи қарорҳои ҳокими вилоят баррасӣ гардидааст. Дар ин самт статистика ва раванди кор дар вилояти Навоӣ фарқ мекунад. Яъне, ҳар ду ҷониб амалиёт ва таҷрибаи худро доранд.
Дар идома мулоқоти депутатҳои ду вилоят баргузор гардида, мудири котибияти Шӯрои намояндагони халқи вилоят С. Усмонов ба депутатҳои вилояти Навоӣ дар бораи фаъолияти Шӯрои вилоятӣ маълумот дод.
— Ҳайати Шӯро аз 59 депутат, 37 нафар мард ва 22 нафар бонувон иборат аст, — гуфт. С. Усмонов. — Дар корпуси депутатҳо 21 нафар вакили соҳаи таълим, 6 нафар корманди соҳаи кишоварзӣ, 6 нафар муҳандис, 6 нафар ходими тиббӣ, 3 нафар намояндаи молия-­иқтисод ва 6 нафар ходимони соҳаҳои дигар ҳастанд.
Дар Шӯро 5 ҳизб гурӯҳҳои депутатии худро доранд. Аз Ҳизби либералӣ-­демократии Ӯзбекистон 18 нафар, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» 14 нафар, Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» 12 нафар, Ҳизби демократии халқӣ 8 нафар ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон 7 нафар депутат интихоб гардидаанд.
То ҳол депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят ба ҳокимиятҳо, корхона ва ташкилотҳо беш аз 1200 пурсиши депутатӣ фиристодаанд. Пурсишҳо тавассути Котибияти шӯро ирсол гардида, иҷрои онҳо зери назорат аст.
Дар сессияҳои Шӯро 263 ҳисобот шунида шуда, 71 маротиба роҳбарони сатҳи гуногун ахбор додаанд.
Инчунин, 55 масъала муҳокима гардидааст.
Соли 2020 ҷамъ 141-то, соли 2021 221-то, соли 2022 194-то, соли 2023 104-то ва дар муддати сипаришудаи соли равон 43-то қарор қабул гардид.
Зикр гашт, ки ҳангоми бозомӯзӣ ва ҳалли муаммоҳои мардум депутатҳо бо мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ меоянд. Аз ҷониби раиси Шӯро барои ҳалли ин масъала чорабиниҳои судманд амалӣ гардида, идомаи пайвастаи ин корҳо ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, дар сессияи 23-юми соли 2021, ки таҳти раёсати раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Э. Турдимов гузаронида шуд, масъала «Дар бораи корҳое, ки бобати беҳсозии шароити зисти оилаҳои камдаромад, дастгирии ҳамаҷонибаи шабакаҳои иқтисодӣ ва субъектҳои тадбиркорӣ амалӣ мегарданд» муҳокима гардидааст.
Ба ҳар як депутати Шӯро барои дастгирии оилаҳои муҳтоҷи ҳифзи иҷтимоӣ, ҳамзамон, бо мақсади ривоҷдиҳии тадбиркорӣ ҷудо кардани 50 миллион сӯмӣ пешниҳод гардид.
Депутатҳо рӯйхати на кам аз 10 оилаи камбизоат ва ниёзманди ҳифзи иҷтимоии ҳавзаи худро тартиб дода, бо фаъолияти тадбиркорӣ шуғл варзидани онҳоро зери назорат гирифтанд ва аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида ёрӣ расонданд.
Инчунин, мувофиқи қарори сессияи 28 дар назди депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи вилоят вазифа гузошта шуд, ки якҷоя бо депутатҳои Шӯроҳои шаҳр ва ноҳияҳо рӯйхати 5 нафар шаҳрванди муҳтоҷи ҳифзи иҷтимоиро оид ба тақдими ордер барои табобат ва барқарорсозии саломатӣ ё анҷом додани амалиёти мураккабӣ ҷарроҳӣ ба Котибияти шӯрои вилоят тақдим намоянд.
Депутатҳо рӯйхати шаҳрвандони ҳавзаи худро, ки ба кӯмак ниёз ва дар саломатӣ мушкилӣ доранд, тартиб дода, ба Котибияти шӯро тақдим намуданд. Рӯйхати беморонро умумӣ карда, бо қарори сессияи 37-ум ба Садорати ҳифзи тандурустӣ 2 миллиарду 469 миллиону 900 сӯм гузаронида шудааст.
Баъдан ин таҷрибаро давом дода, соли 2022 бо мақсади барқарорсозии саломатии аҳолии вазъи иҷтимоияш душвор, солимгардонии онҳо, пурзӯрсозии фаъолияти назорати депутатӣ ба ҳар як депутат 100 миллион сӯмӣ маблағ ҷудо карда шуд. Депутатҳо ба шаҳрвандони ҳавзаҳои худ, ки дар саломатӣ муаммо ва ба ёрдам ниёз доранд, хулосаҳо тақдим карданд ва дар натиҷа саломатии беш аз 500 нафар барқарор гардид.
Дар муддати сипаришуда гурӯҳи депутатии Ҳизби либералӣ-­демократии Ӯзбекистон 10-то, гурӯҳи депутатии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» 5-то, гурӯҳи депутатии Ҳизби демократии халқӣ 5-то, гурӯҳи депутатии Ҳизби сотсиал-­демократии «Адолат» 4-то ва гурӯҳи депутатии Ҳизби экологии Ӯзбекистон 3-то масъаларо ворид кардааст.
Депутатҳои навоигӣ бо фаъолияти гурӯҳҳои депутатии ҳизбҳо шинос гардида, дар ин бора маълумоти бештар гирифтанд. Инчунин, корҳоеро, ки намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд анҷом медиҳанд, омӯхтанд.
Иштирокдорон аз «Заводи металлургияи Самарқанд» ва корхонаи «Стеклопалстик»-и шаҳри Самарқанд дидан карданд. Инчунин, барои онҳо ба ёдгориҳои фарҳангӣ саёҳат ташкил карда шуд.