Фидокорӣ
Ҳар кас ҳам тавони ба мушкили мардум гӯш додан, роҳи ҳалли онҳоро пайдо кардан, таъмин намудани оромии оилаҳоро надорад. Дар ин бобат ба зиммаи раисони маҳаллаҳо масъулияти калон гузошта шудааст. Холида Аллаёрова яке аз раисонест, ки ин вазифаро бо камоли ғайрат иҷро мекунад.
Чанде пеш дар арафаи Рӯзи кормандони маҳалла ба як гурӯҳ ҳамватанонамон нишони сарисинагии «Ифтихори маҳалла» супурда шуд. Дар байни онҳо будани раиси маҳаллаи Тошканди ноҳияи Ҷомбой — Холида Аллаёрова моро бисёр хурсанд кард. Зеро қаҳрамони мо қариб ҳашт сол боз дар ин соҳа ҳамчун кӯпруки боэътимоди байни халқу давлат кор мекунад.
— Аз қадрдонӣ шудани хизмати хоксоронаам бениҳоят хурсандам, — гуфт X. Аллаёрова. — Ин албатта дастоварди «ҳафтгонаи маҳалла» низ ба ҳисоб меравад. Акнун мо бояд барои такмили маҳорат бештар кор кунем ва ба боварие, ки халқу мамлакат нисбати мо зоҳир намудааст, сазовор бошем.
Холида Аллаёрова соли 1989 Донишгоҳи омӯзгории Ҷиззахро хатм кардааст. Фаъолияти аввалини худро дар муассисаи таълими томактабӣ оғоз намуда, дар мактаби таълими умумии рақами 46_ум ба хонандагони синфхои ибтидоӣ дарс додааст.
Сипас, котиби раиси маҳаллаи Тошканд буд. Баъди андӯхтани таҷриба мардуми маҳалла бо боварии баланд ӯро раиси маҳалла интихоб мекунанд.
— Ростӣ, дар аввал фикр кардам, ки шояд аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа набароям. Зеро барои касе, ки 27 сол дар соҳаи таълим кор кардааст, пеш бурдани фаъолият дар системаи маҳалла масъулияти худро дорад. Аз устодону ҳамкорон чизҳои намедонистаамро омӯхта, таҷриба андӯхтам. Махсусан дар рафти мулоқот бо халқ масъулияти худро амиқтар ҳис кардам. Аммо одаме, ки бо ғайрати бузург меҳнат мекунад, беэътибор намемонад. Агар раиси маҳалла ғами мардумро эҳсос кунад, мардум ҳам ба ӯ ҳамроҳ шуда, дар кори хайр ҳамеша кӯмак мекунанд, — гуфт Холида Аллаёрова.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ
