Дар ин бора Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура хабар дод.
Бино ба хабар, аз тарафи шӯъбаи ноҳияи Пайариқ чорабинии зудамал гузаронида шудааст. Дар он Ф.Ш., ки ба фурӯши маводи мухаддири таъсирбахш машғул будааст, ҳангоми фурӯхтани доруи пурқуввати «ZOTA Pregabalina» ба шаҳрванд Ш.Ш. дар 17 конверт, ҷамъ 170 капсул ва ба маблағи 3 миллиону 400 ҳазор сӯм, дастгир шуда, аз ӯ ҳамчун далели ашёвӣ 172 дона маводи дорувории пуртаъсир гирифта шудааст.
Дар робита ба ин ҳодисаҳо тибқи моддаи 251-1-и Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ ворид кардани моддаҳои таъсирбахш ё заҳролуд ба муомилот) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
