Соли гузашта аз ноҳияи Тайлоқ наздики 2 ҳазор нафар ба Умра ва зиёда аз 40 нафар ба Ҳаҷ рафтанд. Боиси шукргузорист, ки ҳукумат барои зиёрати Ҳаҷ шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Ба фирмаҳои хусусӣ ҳам барои шуғл бо ин фаъолият иҷозат дода шуд. Теъдоди роҳхатҳо ба Ҳаҷ сол то сол зиёд мешавад.
Акнун ҳамдиёрони мо метавонанд визаи электронӣ гирифта барои зиёрати Умра ба Арабистони Саудӣ раванд ва инчунин минтақаҳои подшоҳиро саёҳат кунанд.
Хуллас, имрӯзҳо барои ҳаҷравӣ имконияти васеъ мавҷуд аст. Дуруст, нагоҳо дар бораи дабдабаву маъракаҳои зиёдатии ҳоҷиёни аз Ҳаҷ баргаштаро мешунавем. Вале ин гуна ҳолатҳо ҳам оҳиста-оҳиста кам мешаванд.
— Нияти ин сафар худ одамро ба покиву накӯӣ водор месозад, — гуфт роҳбари шӯъбаи Маркази маънавият ва маърифат дар ноҳияи Тайлоқ Зиёдуллоҳ Авазов. — Ин ба муҳити оилавии ӯ ва наздиконаш ҳам таъсир мерасонад. Дар маҳаллаҳое, ки ҳоҷиёни зиёд зиндагӣ мекунанд, муҳити маънавӣ аз дигар маҳаллаҳо тафовути калон дорад. Мардум ба гапи ин гуна одамон ва насиҳатҳои онҳо гӯш меандозанд. Бо истифода аз обрӯи ҳоҷиён метавон дар маҳаллаҳо муҳити маънавӣ офарид ва ҷудошавии оилаҳоро пешгирӣ кард. Мо дар ноҳияамон айнан ҳамин гуна рафтор мекунем.
Аз ҳар яки 50 маҳаллаи ноҳия камаш 10 нафар сафари Ҳаҷ кардаанд, ки ин натанҳо ба муҳити маънавии оилаҳои онҳо, балки ба муҳити маънавии маҳалла ҳам таъсири мусбӣ гузошт. Барои мисол, ҳоҷиёни деҳаи Ҷумъабозор бо ташаббуси «Ба мактабам ва набераам 10‑то китоб» баромада, ба фарзанду наберагони худ ва мактабҳое, ки онҳо таълим мегиранд, китоб тӯҳфа намуданд. Шафоат ҳоҷибибӣ, ки дар деҳаи Тепақишлоқ зиндагонӣ мекунад, тӯйи суннатии 15 нафар фарзанди оилаҳои камбизоатро гузаронд. Исроил ҳоҷӣ Тӯхтаев, сокини деҳаи Чорбоғтепа, дар клиникаи тиббии худ ба барқарор шудани саломатии қариб 20 нафар шахси камбизоат ёрӣ намуд.
Отабек ҳоҷии хончорбоғӣ барои ободонии маҳалла ва деворбардории гирди қабристони маҳалла ҳисса гузошт.
— Вақте бо мардум рӯбарӯ мешавем, аҳли ҳамон ҳудуд «Ҳоҷибобову ҳоҷибибиҳо гап зананд» мегӯянд, — суханашро давом дод З. Авазов. — Ба воситаи онҳо таклифу ташаббусҳои худро мерасонанд. Гоҳо барои пешгирии моҷароҳои оилавӣ ба хонадонҳо рафтанӣ шавем, ҳоҷиён ба мо ҳамроҳӣ мекунанд. Панду насиҳатҳои онҳо бештар таъсир мекунад.
Амалӣ намудани корҳои нек, ба одамон накӯӣ кардан, ғамхору меҳрубон будан, хайру эҳсон кардан аз ғояҳои асосии дини муқаддаси мо ба шумор мераванд. Дар ин гуна корҳо пешсаф шудани ҳоҷиён барои дигарон ибрат хоҳад шуд.
Ғ.ҲАСАНОВ
