Дар шаҳри Самарқанд дар ҳамкорӣ бо ширкати «Shanghai SVS Environment Co., Ltd»-и Хитой корхонаи муштарак ташкил гардид. Он ба коркарди партов ихтисосонида шудааст.
Ҷонишини ҳокими вилоят Акмал Шукуров ва сардиректори ширкати мазкур Сзичен Лонг ҳангоми мулоқот роҷеъ ба амалӣ намудани ин лоиҳа нақшаи чорабиниҳоро муайян карданд.
Дар корхона ҳар рӯз 1000 тонна партовро коркард намуда, ба воситаи сӯхтани онҳо истеҳсоли 20 мегаватт қувваи барқ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар корхонаи нав 70‑то ҷои корӣ ташкил мекунанд.
«Shanghai SVS Environment Co., Ltd», ширкати серсоҳаи глобалӣ буда, фаъолияти он бо сармоягузорӣ, лоиҳаи истеҳсоли қувваи энергия аз партов, истифода ва такмили технологии онҳо, сохтмони паркҳои экосаноатӣ вобаста аст.
Ширкати мазкур дар соли 2023 дар тамоми дунё ба 78‑то WTE-лоиҳа сармоя гузоштааст.
Истеҳсоли қувваи барқ аз партов
