Маёро базм дар соҳил, ки он ҷо,
навои зиндагонӣ нармхез аст,
Ба дарё ғалту бо мавҷаш даровез,
ҳаёти ҷовидон андар ситез аст…
Муҳаммад ИҚБОЛ
Сарбаланд будан дар ҳама давру замон ҳам осон набуд. Номи баланди сарбаландӣ бори гароне ҳам дорад, ки кашида, то ба манзили мурод расонидани он на ба ҳама муяссар мешавад.
Олимҷонака ба як дидан марди миёнақади оддиест. Бо ин рухсори офтобиву чашмони нилгун ва хулқи волову табиати ботамкин ба дилҳо роҳ ёфтаву ба назарҳо гармӣ бахшидааст. Сухан оҳиста, вале пурмаъно мегӯяд. Ҳарзагӯиро дӯст намедорад. Чун ҷояш ояд, суханвари беҳамто мегардад.
Дар урфият «Инсон аз инсон завқ мегирад, рӯзгори якҷоя таъсири худро мегузорад» мегӯянд, ки дуруст будааст. Ҳамсари Олимҷонака Абдусаломов муаллима Муҳиба Маҳмудова омӯзгори забон ва адабиёт ҳастанд. Дарсҳои муаллима дар мактаб пуршавқ мегузаштанд, ки шогирдон то ҳол ба ёд меоранд. Суханронии Муҳиба Маҳмудова дар тӯю сурҳо ба маърака ҷон мебахшад. Асаби ҳозирон аз баъзе мусиқиҳои гӯшхарош оромӣ ёфта, аз суханронии муаллима дилҳо таскин меёбад.
Олимҷонакаву Муҳибаянга анъанаҳои беҳтарини оилаи Абдусаломовҳоро давом дода, чор фарзандро бо ҳамин рӯҳи одамигариву адабпарварӣ тарбият намудаанд. Ҳоло онҳо, сенздаҳ нафар набера ва шаш нафар абера оламу муҳити аҷдодиро давом медиҳанд.
Худи Олимҷонака низ дирӯзакак хурд буданд. Бо дуои падар Абдусаломбобо ва модар аз паи бародарон Маҳмудҷону Абдуманон, Ҳомидҷон, хоҳарон Маҳфизаву Марҳабо ва ҳамроҳи укоҳо Норбою Одилу Шарифҷон, Самеъҷону Мансурҷон қад-қади роҳи оҳани поезду талу тепаҳои зодгоҳ ва анҷирзори шӯҳратёр бозӣ карда, ба воя расид. Дар мактаби 10-и зодгоҳ илму дониш омӯхта, аз сафи донишҷӯёни факултаи молшиносии Донишкадаи давлатии тиҷорат ва сервис (кооперативӣ) ҷой гирифта, онро соли 1976 бо муваффақият хатм кард. Фаъолияти меҳнатиро худи ҳамон сол аз вазифаи молшиносии Базаи хариду фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум оғоз бахшид. Аз соли 1980 то соли 2000-ум ходими масъули коргоҳи тиҷоратии «баққолӣ» буд. Солҳои 2000–2012 вазифаи ҷонишини директори фабрикаи шоҳибофии «Мусаффо»-ро ба дӯш дошт. Аз соли 2012 то имрӯз раис ва сарвари нурониёни маҳаллаи «Боғи баланд» буд.
Ӯ бемуболиға сарбаланд аст. Ба дарди ҳамдиёре марҳаме ёфтан, муаммо ё мушкили ҳамдеҳагонро осон намудан, ба ободониву гулгулшукуфии зодгоҳ ҳисса гузоштани худ сарбаландаст.
Ҳоло Ҳоҷӣ Олимҷонака Абдусаломов бо ёри вафодори худ, ҳаммактаби худ Муҳиба Маҳмудова, ки қариб 40 сол дар мактаби рақами 10 муаллимаи синфҳои ибтидоӣ буд. гашти пирӣ меронад. Ҳар ду ҳам ба синни 70-и умр расидаанд. Бигзор умрашон дароз бод!
Хуршедсифат басо ҷаҳонгир шавед,
Садсола шаведу баъд аз он пир шавед.
Озод Ҳамидзода.
