Рӯзи 5‑уми ноябри соли равон дар ҳокимияти вилоят сессияи якуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Сессияро раиси комиссияи ҳудудии интихоботии вилоят Х.Муҳаммадиев кушод.
Раиси комиссия аввал дар бораи натиҷаҳои интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ, ки рӯзи 27‑уми октябри соли равон баргузор гардида буд, маълумот дод.
Қайд гардид, ки аз рӯи 60‑то ҳавзаи интихоботӣ аз Ҳизби либерал демократии Ӯзбекистон 16 нафар, Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон 14 нафар, Ҳизби экологии Ӯзбекистон 9 нафар, Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон 10 нафар ва Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-и Ӯзбекистон 11 нафар депутатҳо интихоб ва ба рӯйхат гирифта шуданд. Ба онҳо гувоҳномаи депутатӣ, инчунин, нишони сарисинагӣ супорида шуд.
Сипас, мувофиқи рӯзномаи сессия масъалаи интихоби раиси Шӯрои намояндагони вилояти Самарқанд баррасӣ гардид.
Маълум аст, ки ба Сарқонуни дар таҳрири нави мо ва як қатор ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ қоидаҳои муҳиме, ки ба боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ нигаронида шудаанд, дохил гардидаанд. Ин барои ба халқ боз ҳам наздик кардани ҳокимият хизмат мекунад. Бо фармони алоҳидаи Президентамон ба Шӯроҳои маҳаллӣ гузаронидани ҳалли масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва давлат, як қатор вазифа ва функсияҳое, ки бар асоси ихтиёри бевоситаи аҳолӣ қабул кардани қарорро талаб мекунанд, исботи баръалои ин аст.
Дар Сарқонуни таҳрири нав бекор шудани дар як вақт ба Шӯрои маҳаллӣ раис шудани ҳоким ба тақсим шудани ҳокимиятҳои дараҷаи ҷумҳурӣ ва барои дар дараҷаи маҳаллӣ мавҷуд шудани принсипи боздоштани якдигар заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Тибқи Қонун «Дар бораи ҳокимияти маҳаллии давлат» ба Шӯрои намояндагони халқ раис, ки аз байни депутатҳои он интихоб карда мешавад, сарварӣ мекунад.
Сессияи аввалини Шӯро аз интихоби раиси Шӯрои намояндагони халқ оғоз гардид. Барои аз байни депутатҳо интихоб кардани раиси Шӯрои намояндагони халқ иборат аз депутатҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот ба Шӯрои намояндагони халқ иштирок намудаанд, гурӯҳи вакилони ҳизбҳои сиёсӣ ташкил карда шуд.
Мувофиқи тартиби мазкур, аввал аз байни депутатҳои ба Шӯрои вилоят интихобшуда, гурӯҳи вакилони ҳизбҳои сиёсиро тасдиқ карданд. Ба гурӯҳ вакили Ҳаракати соҳибкорон ва корчаллонҳо — Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, ки дар интихобот ба Шӯрои вилоят аз ҳама беш ҷойҳои депутатиро гирифтааст, раисӣ кард.
Ба сессия танаффус эълон карда, гурӯҳи вакилони ҳизбҳои сиёсӣ роҷеъ ба номзади раиси Шӯрои вилоят маҷлис гузаронд.
Пас аз танаффус гурӯҳи вакилони ҳизбҳои сиёсӣ депутати аз ҳавзаи интихоботии Янгиқӯрғон‑11 интихобшуда, роҳбари шӯъбаи вилоятии хазинаи «Нуронӣ» Шӯҳрат Худойбердиевич Негматовро ба раисии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд тавсия карданд.
Сипас, раиси Шӯро Ш.Негматов ба сессия сарварӣ кард ва он дар бораи ба рӯйхат гирифтани гурӯҳҳои депутатҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба Шӯрои намояндагони халқи вилоят интихоб шудаанд, тасдиқ кардани Низом роҷеъ ба регламент ва комиссияҳои доимии Шӯрои намояндагони халқи вилоят қарорҳо қабул намуд.
Дар сессияи масъалаи тасдиқ кардани номзаде, ки ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд тавсия карда шудааст, низ баррасӣ гардид.
Тибқи қонунгузорӣ, ба вазифаи ҳокими вилоят Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон номзад тақдим мекунад ва роҷеъ ба номзади мазкур бо гурӯҳҳои ҳизбҳо машварат гузаронида мешавад.
Дар сессия барои гузаронидани машварат бо гурӯҳҳои ҳизбҳо аз рӯи номзад ба вазифаи ҳокими вилоят мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғ.Мирзоев иштирок кард ва боз танаффус эълон намуданд. Мушовири Президент бо гурӯҳи депутатии ҳар як ҳизб вохӯрд.
Сипас, мушовири Президенти Ӯзбекистон Ғ.Мирзоев маълум кард, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд номзадии Э.Турдимовро пешниҳод намудааст.
Номзад ба депутатҳо барномаи худро, ки бораи истиқболи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят пешбинӣ шудааст, тақдим кард. Дар барнома, ки аз 10 самт ва 123 банд иборат аст ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят дар бар гирифта шуда, роҷеъ ба корҳое, ки дар солҳои 2025–2029 амалӣ карда мешаванд, маълумоти батафсил дода шудааст.
Вакилони гурӯҳҳои депутатии ҳизбҳо дар бораи номзад фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, маълум карданд, ки вайро дастгирӣ мекунанд.
Дар сессия, Турдимов Эркинҷон Оқбутаевич ҳокими вилояти Самарқанд тасдиқ карда шуд.
Шӯрои пурқувват, ҳокими бомасъулият ва ташаббускор
