Ovozi.uz

Стратегияи рушди Самарқанд то соли 2030 таҳия гардид

Сессияи Шӯрои вилоят

Дирӯз дар маҷлисгоҳи калони ҳокимияти вилоят сессияи сиючоруми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.

Мувофиқи рӯзномаи сессия, намояндагони халқ аввал масъалаҳои стратегияи рушди вилояти Самарқанд то соли 2030 ва корҳоеро, ки дар нимсолаи аввали соли 2026 барои рушди маҷмӯи иҷтимоӣ-­иқтисодии вилояти Самарқанд амалӣ гардидаанд, баррасӣ намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум ҷонишини якуми директори Агентии рушд ва ислоҳотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Абдуқодиров таъкид намуд, ки бо мақсади таъмини Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми октябри соли 2025 таҳти рақами 201 ва 16‑уми феврали соли 2026 таҳти рақами 21, инчунин қарор аз 29-уми декабри соли 2025 таҳти рақами 394 дар ҳамаи минтақаҳои мамлакатамон, аз ҷумла вилояти Самарқанд стратегияи рушди минтақавӣ таҳия карда шуданд.

Лоиҳае, ки барои муҳокима пешниҳод шудааст, идомаи мантиқии Стратегияи рушди «Ӯзбекистон—2030» буда, дар он зиёда аз 87 ҳадафи умумимиллӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки марбут ба вилояти Самарқанд ба нишондиҳандаҳои мушаххас инъикос ёфтаанд.

Мувофиқи стратегия то соли 2030 ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудиро ба 20,5 миллиард доллари ИМА, яъне 2 баробар зиёд карда, ба ҳар сари аҳолӣ ба 5,3 ҳазор доллар расондани маҳсулоти умумии ҳудудӣ муайян гардидааст.

Дар самти дуюм шумораи корхонаҳои содироткунанда аз 630 ба 720 адад расонида мешавад. Ҳаҷми солонаи содиротро ба 3,5 миллиард доллари ИМА расонида, ҷуғрофиёи содиротро то ба 120 давлат васеъ мекунанд.

Ҳамчунин, то соли 2030 ҷалби зиёда аз 4,8 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ пешбинӣ гардида, истеҳсолоти саноатӣ дар байни минтақаҳои вилоят ба таври баробар ҷойгир карда мешавад.

Самти чоруми стратегия ба табдил додани сайёҳӣ ба иқтисодиёти хизматрасониҳои сердаромад равона шудааст. Дар доираи он шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 7 миллион нафар ва сайёҳони дохилӣ ба 15 миллион нафар расонида шуда, саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҳсулоти умумии минтақавӣ ду баробар зиёд мегардад.

Илова бар ин, бастаи сайёҳии «Самарқанд — таҷрибаи серӯза» таҳия мегардад. Самти зиёратӣ бо масири Имом Бухорӣ — Имом Мотурудӣ — Шоҳи Зинда ба бозорҳои байналмилалӣ пешниҳод хоҳад шуд. Масири Регистон — Афросиёб — гастрономия — ҳунармандӣ ба як маҳсулоти ягонаи сайёҳӣ табдил дода мешавад.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои Ургут, Самарқанд ва Нуробод минтақаҳои рекреатсионӣ ташкил карда мешаванд. Ҳамчунин, низоми чиптаи рақамӣ, QR-роҳнамо, аудиороҳнамои бисёрзабона ва низомҳои идоракунии ҷараёни сайёҳон дар асоси зеҳни сунъӣ ҷорӣ мегарданд.

Хулоса, самтҳои устуворе чун рушди иқтисодӣ, ихтисори камбизоатӣ ва таъмини шуғл бо даромади баланд, рушди салоҳияти содиротӣ ва содироти хизматҳо, ҷалби сармоягузорӣ ва диверсификатсияи саноат аз рӯи мавзеъҳо, ба иқтисодиёти хизматҳои даромадаш баланд табдил додани сайёҳӣ, кишоварзӣ, самаранокии об ва агросаноат, инфрасохтор, урбанизатсия ва модели «Самарқанди фарох», капитали инсон, таълим ва ҳифзи тандурустӣ, экология ва «иқтисодиёти сабз» муайян гардидаанд.

Сипас, дар сессия ҳисоботи ҳокими вилоят Адиз Бобоев дар бораи иҷрои корҳое шунида шуд, ки роҷеъ ба натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон барои рушди маҷмӯи иҷтимоӣ-­иқтисодии вилояти Самарқанд амалӣ карда мешаванд.

— Қарорҳои алоҳидаи Президентамон, ки ба рушди босуръати вилояти Самарқанд нигаронида шудаанд, қабул гардида, барои баланд бардоштани салоҳияти иқтисодии мавзеъҳо, дастгирии соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имкониятҳои калон фароҳам оварда шуданд, — гуфт А.Бобоев. — Бар асоси ин қарорҳо, барои рушди вилоят 6,9 трлн. сӯм маблағ пешбинӣ шуд, ки он барои рушди ҳар як мавзеъ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани даромади аҳолӣ чун пойдевори молиявии мустаҳкам хизмат мекунад.

Дар нимсолаи якуми соли равон иқтисодиёти вилоят суръатҳои баланди рушдро нигоҳ дошта тавонист. Аз ҷумла, маҳсулоти умумии ҳудудии вилоят 59,1 трлн. сӯмро ташкил карда, нисбати ҳамин даври соли гузашта 9,6 дарсад афзуд. Даромадҳои буҷети маҳаллӣ ба 3,9 трлн. сӯм афзуд, ё ки нақшаи муайяншуда 113 дарсад иҷро гардид.

Аз ин нишондиҳандаҳо баръало намоён аст, ки диверсификатсияи иқтисодиёти вилоят амиқтар мешавад ва барқарортар ривоҷ меёбад. Солҳои охир дар соҳаи саноат, ки ба яке аз драйверҳои асосии иқтисодиёт табдил ёфтааст, ба тағйиротҳои муҳим муваффақ гардиданд. Ҳоло ҳиссаи саноат дар маҳсулоти умумии ҳудудӣ 23,9 дарсадро (соли 2025 21,2 дарсад) ташкил мекунад. Дар соҳаи металлургия лоиҳаҳое амалӣ шуданд, ки дар натиҷа солҳои охир ҳиссаи соҳаи мазкур дар иқтисодиёт аз 2,5 дарсад то ба 16,5 дарсад афзуд.

Чунин дастовардҳо дар дигар соҳаҳо низ кам нестанд. Вале сарфи назар аз корҳое, ки амалӣ карда мешаванд, барои дар вилоят бартараф намудани номутаносибӣ дар соҳаи саноат диверсификатсияи амиқро талаб мекунад. Мухтасар гӯем, натиҷаи корҳое, ки мо дар соҳаҳои гуногун амалӣ мекунем, аз таъмини аҳолӣ бо кори даромаднок ва минтақаро ба ҳудуди аз камбизоатӣ ва бекорӣ холӣ табдил додан иборат мебошад. Дар нимаи аввали соли равон мо дар ин самт пеш рафтем.

Дар нимаи дуюми сол дар назди мо вазифаҳои стратегии зерин гузошта шудаанд:

— таъмини 110 дарсад афзоиши ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудӣ;
— роҳандозии саривақтии лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ;
— ба 1,4 миллиард доллар расондани ҳаҷми содирот;
— пурра истифода бурдан аз салоҳияти сайёҳӣ;
— пайваста давом додани ислоҳот дар соҳаи иҷтимоӣ ва ғайра.

Дар сессия, инчунин прокурори вилоят М.Эшназаров дар бораи корҳое, ки дар чоряки дуввуми соли 2026 барои иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18‑уми марти соли 2025 «Дар бораи чораҳои ташкили фаъолияти таҳлили ҳаррӯзаи вазъияти криминогенӣ дар ҷумҳурият», сардори Садорати корҳои дохилии вилоят Т.Арипов роҷеъ ба корҳое, ки барои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии қонуншиканӣ амалӣ карда мешаванд ва сардори Садорати бехавфии ҳаракат дар роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят Б.Нигматов роҷеъ ба иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4‑уми апрели соли 2022 «Дар бораи чорабиниҳо барои таъмини амнияти боварибахши инсон ва ба таври назаррас кам кардани ҳолатҳои марг дар роҳҳои автомобилгард» ҳисобот доданд.

Инчунин, намояндагони халқ масъалаҳоеро аз қабили эътироф намудани ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замин, ки худсарона аз худ карда шудаанд ва бинову иншоотҳои дар онҳо бунёдгардида, дар бораи тасдиқи консепсияи лоиҳаи «Роҳандозии технологияҳои замонавии обёрии сарфакунандаи об дар хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон, дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят, дар бораи дер мондани (қисм-қисм пардохтан) муддати пардохти андозҳои молу мулк, замин, истифода аз захираҳои обии шахсони юридикӣ ва ғайраро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.