Ӯзбекистон нақша дорад, ки соли 2026 интернети моҳвораиро ба таври санҷишӣ ба кор дарорад. Ин иқдом ҳамчун қадами бартарафсозии камбудиҳои инфрасохтори рақамӣ, бахусус барои деҳаҳо ва минтақаҳои дурдасте, ки ҳанӯз ҳам алоқа заиф аст, пешбинӣ шудааст.
27-уми март дар шаҳри Шимкент дар ҷараёни форуми байналмилалии Digital Qazaqstan 2026 Сарвазир Абдулла Арипов изҳор кард, ки дар кишвар роҳандозии санҷиши интернети моҳвораӣ, аз ҷумла дар асоси технологияи Starlink, ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид кард, ки фарогирии ин ҷараён аллакай аз 41 фоиз то 99,5 фоиз расидааст. Аммо ҳоло таваҷҷуҳи асосӣ ба минтақаҳои дурдаст ва аҳолинишинҳое равона шудааст, ки дар онҳо шабакаҳои алоқаи мобилӣ ё суст кор мекунанд ё умуман вуҷуд надоранд.
Санҷиши ин лоиҳа барои коҳиш додани камбудиҳои инфрасохтори рақамӣ пешбинӣ шуда, пеш аз ҳама ба деҳаҳо ва минтақаҳои дурдаст равона мегардад. Дар сурати муваффақ шудан, сокинони чунин минтақаҳо ҳатто бидуни инфрасохтори заминии рушдёфта метавонанд ба интернети устувори моҳвораӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Ин иқдом метавонад фарқияти рақамиро миёни шаҳрҳои калон ва минтақаҳои дурдаст коҳиш дода, имкониятҳои кори фосилавӣ, таҳсилоти онлайн, хизматрасониҳои рақамии давлатиро боз ҳам беҳтар созад.
Starlink — низоми ҷаҳонии алоқаи моҳвораӣ буда, барои таъмин кардани интернети баландсуръат дар ҳар гӯшаи ҷаҳон пешбинӣ шудааст. Имрӯз он дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, аксари кишварҳои Аврупо, Австралия, Зеландияи Нав, қисме аз Африқо ва Осиё фаъолият дорад.
Дар Осиёи Марказӣ аввалин кишваре, ки аз ин технология истифода бурд, Қазоқистон буд (соли 2025). Моҳи феврали соли 2026 бошад, Тоҷикистон низ онро ба кор даровард.
