Ovozi.uz

Муроҷиати хонанда ба ҳокими вилоят ҳал шуд

Вақте ки ҳокими вилоят А.Бобоев рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар мактаби таълими миёнаи рақами 96-и ноҳияи Иштихон бо ҷавонон мулоқот анҷом дод, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 31 — Ҷасмина Муртазоева масъалаи муҳими ҷавононро ба миён гузошт.

Ӯ ба роҳбари вилоят гуфт, ки хонандагон барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ кӯшиш доранд аз фанҳои гуногун сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ ба даст оранд, аммо дар мактабҳои ҳудудҳои дурдаст барои ин адабиёти иловагӣ намерасад ва дар ин самт кӯмак хост.

Дар асоси ин муроҷиат, аз ҷониби Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят ба мактаби рақами 31 китобҳои иловагӣ, ки барои омодагӣ ба сертификати миллӣ аз фанни забон ва адабиёти модарӣ заруранд, расониданд.

Ҳоло дар вилоят қариб 5000 нафар хонанда соҳиби сертификатҳои миллӣ ва байналхалқӣ оид ба дониши забон мебошанд. Танҳо дар ноҳияи Иштихон беш аз 1000 нафар хонанда аз фанҳои гуногун соҳиби сертификатҳои миллӣ гардидаанд.