Ovozi.uz

Вақте, ки қаллобон пул мепурсанд…

Агар дар гузашта мо танҳо дар кӯчаву нақлиёти ҷамъиятӣ аз кисабурону дуздони касбӣ эҳтиёт мешудем, имрӯз таҳдидҳои нави бехатарӣ рост ба дохили ҷайби мо, ба воситаи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванд. Тараққиёти баланди технология на танҳо барои осон кардани зиндагии мо, балки, мутаассифона, барои ба дасти элементҳои ҷинояткор низ усулҳои наву мураккаби қаллобиро пешниҳод кардан низ хизмат мекунад.

Аз киса рабудани ҳамён ё ашёи дигар нишони дуздии анъанавӣ буд. Аммо имрӯз «кисабурии рақамӣ» бе садо, бе пай ва дар як фурсати кӯтоҳ амалӣ мешавад. Ахиран, яке аз ҳамсӯҳбатони мо аз ҳодисае нақл кард, ки метавонад барои ҳар як истифодабарандаи паёмрасони Telegram дарс ва огоҳӣ бошад.

Гап дар сари он меравад, ки фиребгари номаълуме рақами Telegram-и ин шахсро ба истилоҳ «ҳак» карда (аз худ намуда), аз номи ӯ ба даҳҳо дӯстону наздиконаш паём фиристодааст. Дар паёмҳо омада буд, ки гӯё ӯ ба аҳволи шадиди молиявӣ гирифтор шудаасту ба таври фаврӣ ба маблағи калон эҳтиёҷ дорад.

Мушкили асосӣ дар он аст, ки ин ҳодиса дар авҷи соатҳои корӣ, вақте ҳама саргарми ташвишҳои худ буданд рӯй додааст ва касе фурсати занг задану аниқ кардани ҳолро надошт. Наздикони соддадил ба хотири кӯмак ба дӯсти худ фавран ба ҳисобрақами пешниҳоднамудаи қаллоб пул гузарондаанд.

— Вақте ки аз ин воқеа хабардор шудам, аллакай дер шуда буд, — мегӯяд бо таассуф ҳамсӯҳбати мо. — Чандин касон ба он ҳисобрақам қадри имкон маблағ супорида буданд. Ҳарчанд ман зуд пеши роҳи ин корро гирифтам, аммо фиребгарон муваффақ шуданд, ки миқдори муайяни пули одамонро аз худ кунанд.

Соҳиби ҳисоб баъди ин воқеа ба мутахассисони соҳаи бехатарии киберӣ муроҷиат намуда, фаҳмид, ки роҳҳои муҳофизат хеле соддаанд, вале огоҳ набудани шаҳрвандон сабаби асосии ба чунин домҳо афтодани онҳост.

Таҳлили ҳодисаҳо нишон медиҳад, ки қаллобон бо усулҳои гуногун роҳи асосии ворид шудан ба ҳисоби Telegram-ро истифода мебаранд.

Масалан, ба шумо ё шиносатон пайванде меояд, ки гӯё «барои фалонӣ дар озмун овоз диҳед» ё «Telegram Premium-ро ройгон дастрас кунед». Ҳангоми зер кардани пайванд, аз шумо рақами телефон ва коди тасдиқи ба телефони шумо омадаро мепурсанд. Ё худ, қаллобон худро ҳамчун намояндаи расмии Telegram муаррифӣ карда, бо ҳар баҳона коди бехатариро талаб менамоянд.

Пас аз он ки хакерҳо ба ҳисоби шумо дастрасӣ пайдо карданд, онҳо фавран чатҳои шуморо меомӯзанд. Мебинанд, ки бештар бо кӣ (падар, модар, дӯсти наздик, ҳамкор) муошират доред ва ҳатто тарзи навиштан, лаҳҷа ва калимаҳои хоси шуморо нусхабардорӣ мекунанд. Сипас, аз номи шумо паёми оҷилӣ мефиристанд: «Салом, хеле зарур аст, ба ман фавран маблағ лозим шуд, метавонӣ ба ин карт гузаронӣ?» Рақами картае, ки пешниҳод мешавад, комилан бегона ва аксар вақт муваққатӣ аст.

Барои он ки қурбонии чунин фиребгарон нагардем, мутахассисон риояи якчанд қоидаҳои оддӣ, вале муҳимро тавсия медиҳанд: агар дӯст ё хешовандонатон дар Telegram аз шумо пули таъҷилӣ пурсанд, ба ҳеҷ ваҷҳ шитоб накунед. Аввал, ба ҳамон шахс берун аз шабакаи Telegram занг занед ва аҳволи аслиро пурсон шавед. Агар занг задан имкон надошта бошад, саволе пурсед, ки ҷавобашро танҳо шумо ва ҳамон дӯстатон медонед (масалан: «Мо ҳафтаи гузашта дар куҷо якҷоя хӯрок хӯрда будем?»).

Воситаи беҳтарини муҳофизат, фаъол кардани Тасдиқи думарҳилавӣ ё пароли иловагӣ мебошад. Барои ин дар барномаи Telegram як пароли пӯшидаи иловагии шахсиро бояд ворид намуд. Гузоштани чунин парол кафолат медиҳад, ки ҳатто агар қаллобон коди ба воситаи паёмак омадаро ба даст оранд ҳам, бидуни пароли иловагии шумо ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба ҳисоби шумо дохил шаванд.

Маълум мешавад, ки давраи кифоя будани танҳо эҳтиёт кардани ҳамён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаштааст. Имрӯз саводнокии рақамӣ ва риояи қоидаҳои нахустини бехатарии киберӣ барои ҳар як шаҳрванд ба амри зарурӣ табдил ёфтааст.

Фозили МУҲАММАДЗОД