Ovozi.uz

Агар соҳибкор бой шудан хоҳад…

Фарзандони асил пайраву давомдиҳандаи кори падар мегарданд. Ҳазрат Бегбоев яке аз деҳқонони пуртаҷрибаи хоҷагии ҷамоавии ноҳияи Самарқанд буд. 17 сол вазифаи сарварии бригадаро бар ӯҳда дошт ва ҳамеша нақшаву ӯҳдадориҳои солонаро барзиёд иҷро мекард. Фарзандони ӯ ҳам аз кӯдакӣ аз падар сирру асрори деҳқониро омӯхтанд.

Падарашон, ки барвақт аз олам гузашт, фарзандон кори ӯро идома доданд. Писари калонии ӯ ба хотираи падараш хоҷагии деҳқонии «Ҳазратқул Бегбоев саховати»-ро таъсис дод ва ҳамчун раиси ин хоҷагӣ ҳоло кори падарашро идома медиҳад.

Ҳар касе, ки ба боғи Убайдулло Бегбоев медарояд, ҳосили гелос ва ё себу шафтолуи ӯро дида, қоил мешавад. Ин як ҳодисаи табиӣ аст. Вале онҳо дарк намекунанд, ки ҳосили зиёд худ аз худ тайёр намешавад. Дар замири ҳамаи онҳо меҳнати шабонарӯзӣ, донистани технологияҳои парвариш, шинондани кадом хели ниҳоли току дарахт, тарзи нигоҳубин, мубориза бо ҳашароти заррарасону касалиҳо ва ғайраҳо меистанд. Ин ҷавонмард дар тӯли солҳои кориаш камбудиву хатоиҳои худро ислоҳ карда, роҳҳои ба даст овардани ҳосили фаровонро омӯхтааст.

Ҳоло дар ихтиёри Убайдулло Бегбоев 17 гектар боғу токзор мавҷуд аст. 7 нафар аъзои хоҷагӣ бо нишондодҳои раис тамоми корҳои боғдориро пеш мебаранд. Ва албатта, дар иҷрои ин корҳо худи Убайдулло намунаи ибрат нишон медиҳад.

Ба қарибӣ мо ҳам дар боғи хоҷагии Убайдулло Бегбоев меҳмон шудем. Шафтолуҳои пурҳосили боғро тамошо кардем. Ниҳолҳои шафтолу дар як-ду соли аввал хуб ҳосил диҳанд, ки баъд пажмуда мегарданд ва ҳосилашон каму касалӣ шуда, худи дарахтон хушк мешаванд. Мо мақоли халқии «аз шафтолу боғ накуну аз буз — мол»-ро ба ёд овардем.

— Ин гапи беҳуда, — гуфт Убайдулло Бегбоев. — Масалан, мо як қитъаи шафтолузорро баъди 20 сол нав кардем. Агар обу ғизояшро дода, дар вақташ бар зидди ҳашаротҳои зараррасон дору пошед, шафтолу умри дароз мебинад. Ба сифати ҳосил, бороварии ниҳолҳо гап нест. Ҳосил фаровону сифаташ баланд бошад, даромадаш ҳам калон мешавад. Мо 1,5 гектар шафтолуи дигар дорем, ки 10 сол боз ҳосил медиҳад. Нигоҳубини боғ ҳам мисли дар вақташ таъмири саривақтии мошин аст. Ҳар ду ҳам нигоҳубин карда истед, ба одам солҳои дароз хизмат мекунанд.

— Натиҷаи ҳосили соли гузашта чӣ хел шуд? — пурсидем аз раис.

— Мувофиқи насиба ҳосил гирифтем, — мисли тамоми боғдорон ҷавоб гардонд ӯ.

Бояд гӯем, ки дар хоҷагии деҳқонии ин марди кордон гелос 1, шафтолу 3, себ 3 гектар ва боқимондааш токро ташкил мекунад. Соли гузашта аъзои хоҷагӣ аз гелос 5 тонна, аз ҳар гектари шафтолу 15‑тоннагӣ, аз себ ҳам қариб ҳамин қадар, аз ангури кишмиши сиёҳ 20‑тоннагӣ ва аз ангури тоифӣ 15‑тоннагӣ ҳосил гирифтаанд.

Хоҷагӣ 10 хол гармхона ҳам дорад ва дар он лимӯ парвариш мекунанд. Гармхонаро асосан бо пленка гарм мекунанд. Ба болояш ду қабат плёнка мекашанд. Агар сардӣ баландтар гардад, ба восиати ҳезуму гази баллонӣ ҳарорати лимӯхонаро ба меъёри даркорӣ меоранд. Порсол аз он бештар аз 4 тонна лимӯ гирифтанд.

Убайдулло Бегбоев дар соҳаи боғу заминдорӣ навигариеро бинад ва ё шунавад, ҳатман мехоҳад онро дар амал санҷад. Дар боғи шафтолуи ӯ чандин хел шафтолуҳои хушмазаву хушранг нашъунамо меёбанд. Як хелашон барвақттар мепазанд, дигарашон сонитар ва боқимондааш дертар ба ҳосил медароянд. Махсус ҳамин хел навъҳои шафтолуро шинодааст. Афзалияти ин калон аст. Масалан, агар гули шафтолуи барвақтиро хунук занад, шафтолуҳои боқимонда зарар намебинанд. Боз ҳосили онҳо яке аз паси дигаре мепазанд, ки ин барои ҷамъоварӣ ва фурӯши он мусоидат мекунад. Ва аз ҳама муҳимаш, дар боғи ӯ қариб тамоми сол ҳосили шафтолуро чашидан мумкин аст.

Пештар Убайдулло Бегбоев токзорро бо оби равон обёрӣ мекард. Кушода омадани обро назорат кардани он ва ба ҷӯякҳо тақсим кардан ва ғайра ташвиши калоне дорад. Баъзан токзор дуруст об нахӯрда, дигарон обро баста мегирифтанд. Ҳоло ӯ усули қатрагии обёрии токзорро ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад ҳавз сохта, се насосӣ обкашӣ харидааст. Албатта, барои обёрии қатрагӣ қувваи барқ бисёр сарф мешавад ва гарон ҳам меафтад. Вале тарафҳои фоидаовар ҳам доранд. Агар бо ин роҳ токзор обёрӣ шавад, об танҳо ба таги кундаи ток меравад. Атрофи ток хушк аст ва нағзакак офтоб мехӯрад. Инчунин, алафҳои бегона камтар мебароянду ба пешгирии ҳар гуна касалиҳо «иммунитет» ба вуҷуд меояд.

Пеш аз фасли зимистон гӯр кардани токҳо барои мо анъана шудааст. Ин кор ҳам қувва ва ҳам маблағи зиёдеро талаб мекунад. Убайдулло Бегбоев фаҳмид, ки дар тарафҳои водӣ токро гӯр намекардаанд, қарор дод, ки имсол вай ҳам токҳояшро гӯр накунад. Чунки токҳоро хунукӣ не, балки шамолҳои сард аз кор мебаровардаанд. Бинобар ҳамин, имсол ӯ мисли токпарварони водӣ токро аз сутунпояҳо фароварда, кӯтоҳ­кӯтоҳ бурида, ба замин мефарорад ва болояшро бо фолга мепӯшонад.

— Боз чӣ ниятҳо доред, ки амалӣ шаванд?

— Президентамон Шавкат Мирзиёев дар як баромадашон гуфтанд, ки соҳибкор кай бой мешавад? Ӯ ҳамон вақт бой мешавад, ки маҳсулоташро ба бозори ҷаҳонӣ барорад. Мо ҳам мехоҳем, ки маҳсулоти боғдориву кишоварзии худро ба содирот (экспорт) барорем. Бо ин мақсад яхдон сохтанием, то ки ангуру меваи хоҷагиро дар он нигоҳ дорем. Ҳуҷҷатҳо тайёр шуданд ва онро худи ҳамин сол месозем. Зиёда аз ин, коркарди меваҳо ҳам дар нақша аст.

Бахтиёр ҶУМЪАЕВ