Ovozi.uz

Инъикоси ғояҳои синергетикӣ дар консепсияи инсони комили Алишер Навоӣ

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта).

Тибқи гувоҳии таҳқиқот, ҳазрати Навоӣ на танҳо дар рушди адабиёт, мусиқӣ, санъат ва таърих, балки дар рушди фалсафа ва ахлоқи Шарқ низ саҳм гузоштааст.

Навоӣ аз илмҳои фалсафа низ огоҳ буда, дидгоҳ ва ғояҳои файласуфони барҷастаро амиқ аз худ кардааст. Ӯ дар асоси ҳамин донишҳо дидгоҳи фалсафии худро баён кардааст. Агар андешаҳои ӯ дар бораи масъалаҳои инсони комил, футувват, ҳастӣ ва рӯҳи инсонӣ дар доираи фалсафаи башарӣ васеътар мавриди омӯзиш қарор гиранд, мулоҳизаҳои ӯ дар бораи рӯҳ, ҳастӣ, асосҳои моддиву маънавӣ (субстансия) дар онтология, фикрҳои ӯ дар бораи ақл, эҳсос, ишқ ва дониш бештар дар доираи гоносеология мавриди омӯзиш қарор гиранд, дар ин ҳолат фалсафаи Навоиро ташаккул додан мумкин аст. Танҳо дар як асари ӯ «Таърихи анбиё ва ҳукамо» дар зикри ҳакимон, яъне донишмандон, инсонҳои фозил, чун Луқмони Ҳаким, Фишоғурс, Гуштосп, Ҷомосп, Буқрот, Суқрот, Афлотун, Арасту, Балинос, Ҷолинус, Батлимус, Содиқ, Бузургмеҳр ва мухтасари таълимоти онҳоро меорад. Чунон ки таъкид намудем, Навоӣ онҳоро ҳамчун шахсиятҳои баркамол тавсиф мекунад. Ҳамин қисмати асар (зикри ҳакимон) яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихи фалсафа шуда метавонад.

Андешаҳои фалсафии Навоиро дар достони «Садди Искандарӣ» низ дучор омадан мумкин аст. Дар баробари таълимоти файласуфони баркамол, ӯ зимни ҳар як масъала фикру мулоҳизаҳои худро баён кардааст.

Шоир, ки ба дониши мутлақи башар бо шубҳа нигоҳ менамуд ва тамоюлҳои идеалистӣ дошт, бештар бартарии дониши қалбӣ ва дониши ирфониро таъкид мекард, аммо ҳеҷ гоҳ дониши ақлӣ ва қобилияти интеллектуалиро рад нанамудааст. Баръакс, бо мисолҳои мухталифи ҳаётӣ исбот карданӣ шудааст, ки инсон метавонад ба воситаи ақлу заковат ҳаёту ояндаи худро муайян кунад ва ба комёбӣ ноил шавад. Навоӣ дар яке аз саволу ҷавобҳои байни Искандар ва Арасту аз забони Арасту мегӯяд, ки «Агар кас бо ҳукми ақл амал кунад, некӣ ва бадиро каму беш фарқ карда метавонад». Бе ақл инсон мувофиқи табиати худ мавҷудоти беқарор ва тағйирёбанда ба ҳисоб меравад. Зеро, «Одамизод ба ҳар чӣ одат карда бошад, ин одат бо амри фитрати ӯ хоҳад шуд. Фитрати инсонӣ ба навоварӣ майл дорад. «Чунон ки табиати маҳбуб ба айшу ишрат моил мебошад, навоварӣ низ табиати касро ба худ ҷалб мекунад». Ин ишора ба беқарорӣ, бесарусомонӣ ва иттилоот дар табиати инсон аст, ки унсурҳои муҳими онро пурра мекунад.

Навоӣ дар «Садди Искандарӣ» доир ба суоли Искандар аз Арасту, ки чигунагии мавқеъи фикрронии дуруст ва чӣ будани сабаби нуқсон доштани зарари хато ба инсон, ҷавоби файласуфро овардааст. Аз ҷумла, Арасту мегӯяд, ки ҳарчанд мардум баробар офарида шудаанд, вале на дар дониш ва на дар бинишу фаҳмиш баробаранд: «Табиист, ки дар ҳоли дуруст ва тез будани тафаккури одами боақл, гоҳо метавонад суст ҳам бошад. Зеро, инсон на ҳамеша дар як ҳолат аст, гоҳ бо худ, гоҳ бехуд аст», — гӯён мураккабӣ, мувозинатнокӣ ва номувозинатии олами рӯҳиву маънавиро дар назар доштааст.

Навоӣ, инчунин таъкид мекунад, ки дар бораи тавоноӣ ва раҳнамоии ақл ҳар қадар далелҳо оварда бошад ҳам, дар баъзе масъалаҳо оҷизӣ мекунад. Яъне, ба фикри ӯ «Одамоне ҳам, ки ақли комил доранд, гоҳе иштибоҳ — хато мекунанд. Аммо бо ин фазилат ва камолоти онҳо кам намешавад”. Навоӣ, ки ақлро ба зери шубҳа гирифтааст, мегӯяд, ки ба илми ғайб (дониши интуитивӣ) такя кардан мумкин аст.

Хулоса, дар эҷодиёти ҳазрати Алишер Навоӣ, новобаста аз жанру услуб, инсон ва ҳолати маънавию ахлоқии ў, дараҷаҳо ва хислатҳои ў ба таври фалсафӣ тафсир ва таҳқиқ шудаанд. Консепсияи таърихии инсони худташаккулдиҳанда – хислат, хусусият ва сатҳи ахлоқию маънавии инсони комилро низ нишон додааст.

Дар охир метавон чунин хулоса намуд:

Аввалан, маркази Эҳёи дуюми Шарқ дар натиҷаи рушди илму фарҳанги салтанати Амир Темур ва Темуриён ба вуҷуд омадааст.

Сониян, Амир Темур чун як шахсияти худташаккулдиҳанда қудрати низомӣ, адолат, маънавият, тиҷорат ва афкори ҷомеаро унсурҳои муҳими субот ва рушди салтанати худ медонист.

Сеюм, Амир Темур ҳамчун стратеги бузург шахсест, ки консепсияи беназири худидоракунии ҷомеаро таҳия ва амалӣ кардааст.

Чорум, навъҳои андози муосир, аз ҷумла андози даромад дар замони Амир Темур устувор буданд.

Панҷум, Тафтазонӣ қонунҳои синергетикии ҳастиро тавассути мафҳумҳои ҷудошавӣ, ҳаракат, парокандагӣ, ҷавҳар, аъроз ва сукунат шарҳ додааст.

Шашум, мутафаккирон, ки дар замони Темуриён дар асоси фалсафаи тасаввуф зиста ва эҷод карда буданд, ба ин аҷида такя кардаанд, ки танҳо шахси дониши диниву дунявиро соҳибшуда метавонад худ ва Офаридгорро бишносад.

Ҳафтум, дар натиҷаи инкишоф ва ҳамгироии илмҳои табиӣ ва иҷтимоӣ-гуманитарӣ Мирзо Улуғбек ва мактаби ӯ дар асоси тафаккури ғайрихаттӣ аввалин донишгоҳ ва Академияи Самарқандро дар Осиёи Миёна таъсис доданд.

Ҳаштум, Мирзо Улуғбек ва академияи ӯ назарияи гелиосентриро айнан кашф карданд.

Нӯҳум, Мирзо Улуғбек олимест, ки дар давоми фаъолияти илмии худ ба монанд усули муосири методологияи синергетикӣ як усули беназири илмӣ офаридааст.

Даҳум, ҳисобҳои даҳиро дар математика, ки дар Аврупо аз ҷониби Саймон Стевин ҷорӣ карда шудааст, 150 сол пеш аз ӯ Кошӣ ба илм ворид карда шуда буд ва онро мунтазам истифода мекард.

Ёздаҳум, Алии Қӯшчӣ аз математики фаронсавӣ Франсуа Виет 150 сол пеш тавонистааст, ки адади π-ро бо роҳи 16 маротиба зарб задан ба шумораи бисёркунҷаҳо, аз даҳии 9 то ба рақами якӣ ҳисоб карда барояд.

Дувоздаҳум, Алии Қӯшчӣ —мутафаккирест, ки комёбиҳои давраи Эҳёи дуюми Шарқро ба Урупо, ки илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзиёт, астрономия, физика дар он ҷо ҳанӯз он кадар инкишоф наёфта буд, интиқол додааст.

Сездаҳум, мафҳуми инсони комили Алишер Навоӣ ҳолати синергетикӣ ва хислатҳои шахси худташаккулдиҳандаро ифода мекунад.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа