«Ёре, ки дорад вафо, меҳру муҳаббат доштааст,
В-ар надорад ӯ вафо, тори муҳаббат кандааст…»
Падарам, Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шодравон Олимҷон Орифӣ, ин мисраъҳоро борҳо бароям мехонданд. Он замон маънои аслии онҳоро пурра дарк намекардам. Аммо солҳо гузаштанд… Ва акнун ман ба фаҳми он расидам, ки ин суханон на танҳо ба муҳаббати инсонҳо нисбат ба ҳамдигар, балки ба муносибати мо бо табиат, бо олами ҳайвонот ва наботот низ вобастагӣ доранд.
Аз айёми кӯдакӣ дилбастаи зебоии атроф будам, бо завқ ба гулҳо, дарахтон, ба рангу таровати табиат менигаристам. Бо гузашти вақт ман ҳарчӣ бештар эҳсос мекунам: муҳаббат ба нафосат ва ҳусни нотакрори табиат танҳо бо воситаи тарбия шакл намегирад. Ин ҳиссиёт бояд дар вуҷуди инсон аз аввал ҷой гирифта бошад, бояд аз вуҷуди ӯ ҷӯш занад. Танҳо он касе, ки бо муҳаббат ва вафо ба дунё менигарад, метавонад арзиши табиатро бишносад ва онро пос дорад.
Агар ин меҳр модарзодӣ набошад, оё танҳо бо тарбия онро метавон дар дили инсон бедор кард? Ё шояд меҳрубонӣ ба табиат низ мисли вафо — ё ҳаст, ё нест?
Муқимҷон ОРИФӢ,
муассиси Хона-музейи Ориф Гулхании Самарқандӣ.
