Ovozi.uz

Киҳо ғолиби Ҷоми ҷаҳонии триатлон шуданд?

Дар Самарқанд рӯзҳои 24-25-уми майи соли равон мусобиқаҳои “World Triathlon Cup Samarkand-2025” ва “World Triathlon Para Cup Samarkand-2025” гузаронида шуданд.

Як рӯз пеш аз оғози мусобиқаҳо дар Маркази сайёҳии байналмилалии шаҳри Самарқанд бо иштироки варзишгарони хориҷӣ ва кормандони васоити ахбори оммавӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он варзишгарони номии ҷаҳон Ҷессика Фуллагар аз Британияи Кабир, Тоби Поверс аз Австралия, Илана Зейн аз Италия, Риз Ваннерсон аз Амрико ва Марта Кропко аз Венгрия иштирок карда, ба саволҳои журналистону блогерон ҷавоб доданд.

Рӯзи 24-уми май ба мусобиқаҳо старт дода шуд ва дар он варзишгарони қариб 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Британия Кабир, Германия, Франсия, Австралия, Белгия, Қирғизистон, Қазоқистон, Австрия, ИМА, Венгрия, Италия ва ғайраҳо барои пирӯзӣ ҳаракат карданд.

Параварзишгарон дар шиноварӣ ба масофаи 750 метр, дар дучархаронӣ ба масофаи 19 километр ва дар давидан ба масофаи 5 километр рақобат карда бошанд, варзишгарони элит дар самти стандартии шиноварӣ ба масофаи 1,5 километр, дар дучархаронӣ ба 40 километр ва дар давидан ба 10 километр қувва озмуданд.

— Соли гузашта ҳам дар мусобиқаҳое, ки дар шаҳри куҳанбунёд гузаронида шуда буданд, иштирок карда, ҷои панҷумро соҳиб шуда будам, — гуфт  Илана Зейни итолиёвӣ. — Дар мусобиқаҳои имсола ширкат варзиданӣ набудам. Вале дидам, ки обу ҳаво басо мусоид аст, аз ин рӯ қарорамро тағйир додам ва иштирок кардам. Дар Самарқанд мусобиқаҳо ба рӯҳияи баланд баргузор мешаванд. Иштирок дар онҳо ва меҳмони ин шаҳр шудан хотираҳои фаромӯшнашаванда мебахшанд.

Мувофиқи натиҷаи мусобиқаҳо, дар баҳсҳои миёни бонувон Диана Исакова, ки зери парчами федератсияи байналмилалии триатлон ширкат варзид, соҳиби медали тилло гардид.

Дар охири баҳсҳои миёни мардҳо Максим Ҳуэбери фаронсавӣ ғолиб шуд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ президенти Иттифоқи ҷаҳонии триатлон Ф.Аримани ва раиси Федератсияи триатлони Ӯзбекистон В.Маҳмудов иштирок намуданд.

Дар охир байни Федератсияи триатлони Ӯзбекистон ва Федератсияи ҷаҳонии триатлон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ҳасан Сулаймонӣ