Дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанд меҳмони олимақомро Президент Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифт.
Сарони ду давлат аз ёдгориҳои боҳашамати меъморӣ ва ҷойҳои муқаддаси Самарқанд дидан карданд.
Чорабиниҳои асосии сафари расмӣ пас аз як рӯз дар Маркази конгресси шаҳри Самарқанд баргузор гардиданд. Нахуст маросими истиқболи расмии Шоҳ Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн гузаронида шуд.
Пеш аз музокираҳо, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Шоҳи Иордания аз намоишгоҳи маҳсулотҳое, ки дар кишварамон истеҳсол шудаанд, дидан карданд.
Баъд аз он, байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Шоҳи Шоҳигарии Ҳошимиёни Иордания Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн музокираҳо оғоз гардиданд.
Дар он масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои сиёсӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ, васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози мулоқот шоҳи Иордания ба Сарвари давлати мо барои даъват ва истиқболи гарму самимона аз номи ҳайати Иордания изҳори сипос кард.
Зикр гардид, ки нахустин сафари сатҳи баланд дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷонибаро оғоз намуда, барои ба сатҳи шарикии ҳамаҷониба боло бурдани он хизмат мекунад.
Сарони давлатҳо ҳамкориҳои муассирро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ бо қаноатмандӣ қайд намуда, зарурати идомаи фаъолонаи дастгирии ташаббусҳоро таъкид намуданд.
Тайёрӣ барои дучанд кардани нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва созишномаҳои тиҷоратӣ тасдиқ карда шуд.
Дар бораи густариши ҳамкорӣ дар саноати кимиё ва нассоҷӣ, кишоварзии «хирадмандона», геология, тандурустӣ ва дорусозӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо созиш карданд.
Пешниҳод шуд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорон ба фаъолият оғоз намуда, ҷамъомадҳои нахустини онҳо то охири соли равон баргузор шаванд. Омодагӣ барои густариши минбаъдаи табодул дар бахшҳои фарҳанг, таълим ва сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути баргузории ҳафтаҳои фарҳангии муштарак, консертҳо, экспозитсия ва намоишгоҳҳо изҳор карда шуд.
Муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои Ӯзбекистон ва Иордания таърихи тӯлонӣ доранд ва ҳоло ба зинаи нав мебароянд. Дар робита ба ин, масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши муштараки мероси умуми маънавӣ, таҳкими ҳамкориҳои марказҳои исломшиносӣ ва донишкадаҳои ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо дар бораи зарурати таблиғи муштараки ғояҳои фарохдилӣ ва маърифати ислом созиш карданд. Сарвари давлатамон ташаббуси «Раванди Ақаба»-ро, ки даҳ сол қабл аз ҷониби Шоҳ Абдуллоҳ II оғоз гардида буд, баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки яке аз вохӯриҳои навбатии ин ташаббуси муҳим дар шаҳри Самарқанд баргузор шавад.
Инчунин таъкид гардид, ки роҳандозии парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни пойтахтҳои ду кишвар ва ба роҳ мондани низоми бидуни виза ба афзоиши равобити тиҷоратӣ ва гардиши байниҳами сайёҳон хизмат хоҳад кард.
Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами аҳамияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар поёни музокираҳо Шоҳ Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн Сарвари давлатамонро барои боздид аз Иордания даъват кард.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Шоҳи Иордания Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн дар бораи мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикӣ баёноти муштарак қабул карданд.
Дар доираи сафар 15 ҳуҷҷати дуҷониба ба имзо расид.
УзА
