Ovozi.uz

Оё аз санъати кашидадӯзии Самарқанд хабар доред?

Кашидадӯзӣ дар Ӯзбекистон қадимтарин намудҳои санъати амалӣ-ороишӣ маҳсуб меёбад. Кашидаҳои мо бо нотакрор буданаш, зебоӣ, фаровонии нақшҳо ва усулҳои техникии худ аз дигар халқҳо фарқ мекунад.

Қадимтарин ва паҳншудатарин намуди ороиши амалӣ, ки аз бибиҳои мо мерос мондааст, кашидадӯзӣ мебошад. Ангуштони нозуки ҷавондухтарон, ки ба ҳар як порчаи абрешим ҳаёт мебахшанд ва ҳиссиёти худро бо дурахши гулҳои зебо мепайванданд, дар ҳақиқат мӯъҷизае меофаранд. Оре, ин намуди санъат, ки бо рӯзгор ва анъанаҳои халқ зич алоқаманд аст ва дар давоми асрҳо бо дастони дӯзандагони гулдаст боз ҳам такмил ёфтааст.

Омӯзиши кашидадӯзии мардумӣ ҳамчун як санъат ва ҳунари нотакрор яке аз тақозои замони имрӯза мебошад.

Имрӯз дар Академияи сайёҳии шаҳри Самарқанд бо ҳамкории ҳокимияти шаҳр, Кумитаи оила ва зан-духтарон, шуъбаи Маркази маънавия ва маърифати ҷумҳурии шаҳри Самарқанд, Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд, Садорати вилоятии Иттифоқи «Ҳунарманд»-и ҷумҳурӣ бахшида ба «Масъалаҳои рушди мактаби илмӣ-амалии кашидадӯзии Самарқанд» конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Дар он намояндаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис З.Раҳмонова, ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд З.Саидова, олимони Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд Г.Маҳкамова, С.Қодирова, ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд Р.Тошниёзова дар бораи таъриху рушди кашидадӯзии Самарқанд ва дурнамои минбаъдаи он суханронӣ карданд.

Инчунин, дар чорабини байни Кумитаи оила ва зан-духтарони шаҳри Самарқанд, шуъбаи Маркази маънавия ва маърифати ҷумҳурии шаҳри Самарқанд, Садорати вилоятии Иттифоқи «Ҳунарманд» ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд роҷеъ ба ҳифзи мероси моддию маданию маънавиамон ва инкишоф додани кашидадӯзию ҳунармандӣ меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар чорабинӣ намоишгоҳи намунаҳои санъати амалӣ ташкил карда шуд. Иштирокчиён инчунин бо китобхонаи Академияи сайёҳӣ низ шинос шуданд.