Давлати Ветнам дастрасӣ ба мессенҷери Telegramро комилан манъ мекунад, хабар медиҳад агентии Reuters.
Ба таъминкунандаҳои хидмати телекоммуникатсионӣ супориш дода шудааст, ки дастрасӣ ба Telegram-ро манъ кунанд. Супориши дахлдорро Вазорати технологияҳои ин кишвар фиристодааст. Сабаби ин ҳамкорӣ дар мубориза бо фаъолияти ҷиноиро рад кардани Telegram мебошад. Муассиси Telegram Павел Дуров дар Фаронса бо ҳамин далелҳо тафтиш мешавад.
Вазорати технологияҳо аз ширкатҳои телекоммуникатсионӣ даъват кардааст, ки «барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти Telegram дар Ветнам чораҳо андешанд.» Тибқи ҳуҷҷати 21-уми май, провайдерҳо (таъминкунандаҳо) бояд на дертар аз 2-уми июн дар бораи чораҳои андешидашуда гузориш диҳанд.
Тибқи маълумоти Департаменти бехатарии киберӣ, 68 дарсади 9,600 канал ва гурӯҳҳои мессенҷер, ки дар Ветнам фаъолият мекунанд, қонунро вайрон мекунанд. Онҳо ба қаллобӣ, тиҷорати маводи мухаддир ва терроризм вобастагӣ доранд.
Ветнам аз рӯи шумораи корбарони мессенҷери мазкур дар даҳгонаи беҳтарин аст:
Ҳиндустон — 104,0 миллион
Русия — 34,4 миллион
Индонезия — 27,2 миллион
ИМА — 26,9 миллион
Бразилия – 21,9 миллион
Миср — 14,9 миллион
Ветнам — 11,8 миллион.
