Қарори ҳокими вилояти Самарқанд Э.Турдимов аз 16-уми феврали соли 2024 «Дар бораи даъвати сессияи наваду шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум» имзо гардид.
Мувофиқи қарор сессияи наваду шашуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум 23-юми феврали соли 2024 гузаронида мешавад.
Ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дохил карда шудааст:
– ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят – сарвари Садорати инвеститсияҳо ва савдои хориҷӣ О.Ҳамроев дар бораи корҳое, ки соли 2024 бобати ҷалби экспорт ва инвеститсияҳо амалӣ мегарданд;
– ахбори мудири Қабулхонаи халқи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд М.Турдиев аз рӯйи вазъи кор бо муроҷиат ва мушкилоти аҳолии вилоят;
– ҳисоботи сарвари Садорати Бюрои иҷрои ҳатмии вилоят С.Ҷабборов аз рӯйи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24-уми ноябри соли 2020 “Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани системаи иҷрои ҳуҷҷатҳои суд ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар” таҳти рақами ФП-6118;
– ҳисоботи сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят С.Зайниев аз рӯйи тасдиқи нақшаи чораҳои роҳандозии системаи суғуртаи тиббии давлатӣ дар вилояти Самарқанд дар соли 2025;
– ҳисоботи сарвари Садорати иқтисодиёт ва молияи вилоят Б.Мирзоев аз рӯйи истифодаи маблағҳое, ки дар асоси қарори ҳокими вилоят аз 10-уми феврали соли 2024 “Дар бораи истифодаи манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят” таҳти рақами 36-7-0-Q/24 ҷудо гардидаанд;
– дар бораи номгузории баъзе нуқтаҳои аҳолинишин ноҳияи Ҷомбой;
– дар бораи тасдиқи барномаи ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини шуғли аҳолии вилоят дар соли 2024;
– дар бораи тасдиқи тарифҳои танзимшаванда барои хидматҳои таъминоти гармӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои таъминоти гармӣ дар минтақаҳо расонида мешаванд;
– дар бораи иҷозати гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ;
– дар бораи тасдиқ намудани тартиби намунавии ба интихобкунандагони худ ахборот додани депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи маҳаллӣ;
- дар бораи тасдиқи баъзе қарорҳои ҳокими вилоят.
