Ovozi.uz

19-уми феврал — Рӯзи зодрӯзи Маликаи Бахтиёр

Маликаи БАХТИЁР (Ҷумъазода) 19-уми феврали соли 1994 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳикояҳо, хабару мақолаҳои ӯ дар саҳифаҳои воситаҳои ахбори оммавӣ чоп шудаанд. Соли 2018 бахши магистратураи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм карда, як муддат дар рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” кор кардааст. Алҳол дар факултети педагогикаи ҳамин донишгоҳ ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад.
Баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар мавзӯи «Асосҳои педагогии раҳнамоии донишҷӯён ба эҷодкорӣ тавассути воситаҳои ахбори оммавӣ (Дар асоси рӯзномаи “Маърифат”)» корҳои илмиву тадқиқотӣ бурда истодааст. Китобҳои ӯ бо номи «Бонувони хонадони Гулханӣ», «Зевари дунёст набера», “Нони ҳалол” ва «Олами Ирфон» аз нашр баромадааст. Чакидаҳои хомааш дар бисёр китобҳои дастҷамъӣ низ чоп шудаанд.
Узви Иттиҳоди Нависандагони Ӯзбекистон аст.

Маликаи Бахтиёр яке аз нависандагони ҷавон насри муосири тоҷик ба шумор меравад. Дар навиштаҳои ӯ инсондӯстӣ, меҳру-муҳаббат, одаму одамгарӣ, ҳаёти кӯдакон бо тасвирҳои фаҳмо баён карда мешавад.
Аз номи таҳририяти рӯзномаи»Овози Самарқанд» ба ин бонуи дарёдил ва эҷодкори умедбахш тани сиҳат, сари баланд, рӯзгори осуда ва комёбию муваффақият орзумандем!

Хостем ба муносибати солгарди Маликаи Бахтиёр чанд ҳикояи хурдро аз эҷоди мавсуф пешкаши муштариён намоем.

ХИСЛАТИ НЕК
Омӯзгоре баъди чандин соли фаъолияти корӣ бори аввал тамоми маводи дасташро барои истифода ба донишҷӯён дод. Аз ин кори ӯ тамоми толибилмон хурсанд шуданд.
— Муаллим ҳамин қадар инсони хуб, накӯкору дасткушод будаанд, ки тамоми материалҳои бо азобу машаққат дарёфткардаашонро бетамаъ ба мо доданд, — гуфт яке.
— Ҳа-а, лекин муаллим чунин хислати неки худро дер нишон доданд. Зеро, ба нафақа мебароянд, — ҷавоб дод сардори гурӯҳ.
— Ба ҳаминаш ҳам шукр. Агар ин бойгониашонро ҳамроҳ хона мебурданд, чӣ кор мекардем? — гуфт донишҷӯдухтар.

ЭҲТИРОМИ ДОМОД
Наварӯсе ҳамроҳи шавҳараш хонаи модараш меҳмонӣ омад. Модар медонист, ки домодаш нӯшиданро дӯст медорад. Лекин, касе набуд, ки бо ӯ якҷоя нӯшад. Аз ин рӯ, модар писарашро, ки боре ҳам нанӯшида буд, бо ишораи сар ба хонаи дигар ҷеғ зад:
— Шавҳари хоҳарат бори аввал ба хонаамон омад. Барои ҳамин, ӯро хафа накарда, ҳамроҳаш якборакак нӯш. Ӯ бояд аз хонаи мо хушу хурсанд баргардад.

ФУРСАТИ МУНОСИБ
Пиразан бо зарурате берун баромад. Вақте хона медаромад, бо дасти ларзону беҷонаш ҳарчанд кӯшиш кард, дарро кушода натавонист. Илтиҷоомез гуфт:
— Дарро кушоед, келинҷон.
Келин луқмаи даҳонашро фурӯ бурду дод зад:
— Дар кушода, фақат сахттар кашидан даркор.
Набераи панҷсолааш тозон омада, дари аз дарун қулфро кушоду бибиашро сари дастархон бурд ва нисфи сихкабоби худро дароз кард.

БЕМИСЛУ МОНАНД
— Ойтиҷон, ман як ҳафта пеш ин куртаро аз ҳамин ҷо харида будам. Мехоҳам онро баргардонам ва ё «имиджи» онро дигар карда диҳед, — либоси дасташро нишон дода, бо оҳанги амр гуфт ҷавонзан.
— Хоҳарҷон, ба гирифтани ин либос як ҳафта не, беш аз як моҳ шуд. То ҳамин вақт пӯшида чаро акнун бармегардонед? — норозиёна гуфт дӯкондор.
— Як моҳ шуд ва ё як ҳафта дар хотирам нест. Лекин, вақте, ки ман ин куртаро харидам, дар тани ҳеҷ кас набуд. Сад афсӯс, ки дирӯз як ҳамкорам айнан ҳамин хел курта пӯшида омад. Акнун аз ин курта дилам хунук шуд. Мехоҳам, ки либосам бемислу монанд, танҳо дар тани ман бошаду одамҳо бо ҳавас нигаранд ва чунин либос ёфта натавонанд.
Дӯкондор ҳарчанд дубора либосро бознагирифтанашро фаҳмонад ҳам, нафъе набахшид. Пас аз муноқишаҳои тӯлонӣ зани дӯкондор куртаро гирифту аз ҳар куҷояш қайчӣ зад:
— Мана, хоҳарҷон «имидҷи» куртаро дигар кардам, ки чунинашро дар тани ҳеҷ кас намебинед. Чӣ хеле, ки гуфтед куртаатон бемислу монанд шуд, — гуфт дӯкондор ва куртаро коғазпеч намуда, ҳамроҳи пулаш ба харидор баргардонд.

ДИЛИ МОДАР БА ФАРЗАНД
Модару писар ба бозори либосворӣ рафтанд. Барои ҳар чӣ зудтар харидани чизҳои зарурӣ аз ҳам ҷудо шуданд. Модар аз худаш дида бештар барои фарзандону шавҳараш либосвориҳо харид. Рӯз қариб пешин шуд. Бӯйи шашлик ба димоғи модар заду гушнагиро ҳис кард. Ҳарчанд дилаш сихкабоб мехост, пулашро сарфа карда, бо хӯрдани ду дона самбӯча қонеъ шуд. «Писарам донишҷӯ, бисёр мехонаду доим аз паси ҷустуҷӯйи илму дониш аст. Аз ҳамин сабаб, вай бояд боқувваттар хӯрад. Ҳозир байни нони мулоиму гармакак барои ӯ сихкабоб мегирам, аз дил гузаронид модар ва ба сӯйи ошхона рафт. Дар ошхона мунтазири хизматчиён буд, ки чашмаш ба писараш афтод. Бо иштиҳо сихкабоб мехӯрду барои фурӯ бурдани луқма нӯшокии газдор менӯшид.
Модар оҳиста аз ошхона берун шуд ва зери лаб гуфт:
— Халқи доноямон беҳуда нагуфтаанд, ки «дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг».
«Фоида»-и дермонӣ
— Барои чӣ доим ба тадбиру ҷамъомад ва маъракаҳо дер мемонед? — пурсид зане аз дугонааш.
— Э дугонаҷон, вақте ки дертар ба тадбир медароям, эътибори тамоми нишастагон ба ман равона мешавад ва бо ҳамин баҳона либоси наву пардози зебоямро мебинанд, — бо мамнуният ҷавоб дод зан.