Ovozi.uz

Чат-ботҳо ва руҳияти инсон: ҳушдори мутахассисон дар мавриди «ҳамсуҳбатони сунъӣ»

Истифодаи чат-ботҳо метавонад монеаҳоро барои муроҷиати аввалия ҳангоми мушкилоти равонӣ коҳиш диҳад, аммо ҷойгузин кардани онҳо ба ҷойи мутахассисони соҳа хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Марина Кинкулкина, директори Клиникаи психиатрияи ба номи С.С. Корсакови Донишгоҳи Сеченов ва аъзо-корреспонденти АИ Русия қайд намуд, ки ба одамон баъзан аз сабаби набудани тарси маҳкумкунӣ суҳбат кардан бо робот осонтар аст. Ин падида дар психология «эффекти раҳоӣ дар шабака» номида мешавад.

Олимон таъкид мекунанд, ки коҳиши ин монеа, бахусус барои одамоне, ки аз гуфтани ҳолатҳои ногувор ба мутахассисон метарсанд, муфид аст, аммо бот бояд дар ниҳоят муроҷиат ба духтурро тавсия диҳад, на ин ки мустақилона ташхису табобат таъин кунад.

Истифодаи интеллекти сунъӣ ба ҷойи духтур метавонад боиси пайдо шудани «иттиҳоди суррогатии табобатӣ» ва ба дер монондани кӯмаки зарурӣ гардад. Дар ин ҳолат дар шахс эҳсоси ботилии ҳалли мушкилот пайдо мешавад, ки танҳо як хаёл асту халос.

Илова бар ин, хатари дигари истифодаи интеллекти сунъӣ нотавонии модели забонӣ дар ташхиси ҳолатҳои хатарнок мебошад. Агар шахс нияти худкушӣ ё расонидани зарар ба худро мустақиман баён накунад, чат-бот метавонад аломатҳои онро надиҳад ва пеши роҳи хатарро нагирад.