Вақти ҳамчун сармуҳаррир шурӯъ намудани кор дар таҳририяти «Овози Самарқанд» бо саҳифабанд Сироҷ Раҷабов кӯшиш мекардем ба рӯзнома як навигарӣ дохил карда, онро боз ҳам хонданибоб гардонем. Чун замон пеш мерафту рӯзнома ҳам бояд ранги дигар гирад. Ман ба Сироҷака гуфтам, ки QR-код илова кунем чӣ тавр мешавад?
— Хуб мешавад!
Мо корро шурӯъ кардем. Дар ҷумҳурӣ аз нахустинҳо шуда рӯзномаамон бо QR-код баромад. Вақте аввалин шумора бо ин шакли нав чоп шуд, як муштарии доимии миёнасоле наздам омада гуфт, ки рӯзнома хуб баромадааст.
— Аммо як хатои чопӣ ҳам ба назарам расид, Баҳодурҷон! — илова намуд ҳамсӯҳбатам.
— Чӣ хел хатои чопӣ? — пурсидам бо ҳайрат.
— Ба ҳамин ҷои газет ранг рехта рафтааст, — гуфта бо ангушти ишора ба ман QR-кодро нишон дод.
Каме хандаам омаду бо худдорӣ гуфтам, ки он «доғ»-ро мо гузоштем.
— Номи он «доғ» — QR-код. Он барои тавассути телефон ба шабакаҳои иҷтимоии рӯзнома даромадан кумак мерасонад.
Ҳамсӯҳбатам ба пешрафти замону кормандони «Овози Самарқанд» таҳсин гуфта, ба корҳои ояндаи рӯзнома барор хост.
Баҳодур Раҳмонов
©️ Аз китоби «Овози Самарқанд: аз дидаҳо, шунидаҳо»
