Имрӯз дар маҷлисгоҳи вилоят оид ба марҳилаи дуюми низоми суғуртаи иҷтимоӣ семинар гузаронида шуд. Дар семинар маҳмуну муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 206 аз 3-юми ноябри соли 2025 ва Қарори Девони Вазирони аз 17-уми декабри соли 2025, инчунин тартиби нав дар низоми суғуртаи иҷтимоии давлатӣ баррасӣ шуд.
Дар чорабинӣ сардори Садорати Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии вилоят С. Луқмонов, сармутахассиси Фонди суғуртаи иҷтимоии давлатии Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ Х. Сапаров ва кормандони масъули ташкилотҳои минтақавӣ иштирок карданд. Иштирокчиёни семинар оиди тартиби наве, ки ба беҳтар кардани низоми суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, расонидани дастгирии моддӣ ба аҳолӣ дар вазъиятҳои душвори зиндагӣ, кам кардани хатари бе даромад мондан ҳангоми маъюбии муваққатӣ ва ташвиқи шуғли расмӣ нигаронида шудаанд, маълумоти муфассал гирифтанд.
