Дар чорабинӣ, ки аз ҷониби Маркази омодасозии контент барои воситаҳои ахбори оммавии назди Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимияти вилояти Самарқанд ва Садорати корҳои ҷавонони вилоят дар ҳамкорӣ ташкил карда шуд, намояндагони корхонаҳо ва ташкилотҳо, соҳибкорон, кормандони ВАО ва ҷавонон иштирок намуданд.
Дар он масъалаҳои талабот ба касбҳои муосири соҳаи медиа, омӯзонидани ҷавонон ба SMM, мобилография ва эҷоди контенти рақамӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва таъмини шуғли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни тақдимот маҳсулоти медиа, ки аз ҷониби шунавандагони лоиҳа омода гардидаанд, ба намоиш гузошта шуданд. Таъкид гардид, ки то имрӯз дар вилоят қариб 200 нафар мутахассиси SMM ва зиёда аз 100 нафар мобилограф омода шудаанд, ки аксарияти онҳо фаъолияти худро дар соҳаи медиа оғоз кардаанд.
Ҳамчунин, корфармоён ва соҳибкорони иштирокдори чорабинӣ бо корҳои эҷодии мутахассисони ҷавон шинос шуда, онҳоро ба кор даъват намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ ба хатмкунандагоне, ки лоиҳаҳои «Мактаби мобилографони ҷавон» ва «Мактаби SMM»-ро бомуваффақият хатм намуданд, сертификатҳо супурда шуданд.
