Ovozi.uz

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ оид ба некӯаҳволии кӯдакон ва Конгресси II байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдакона ифтитоҳ ёфтанд

Дар шаҳри Самарқанд маросими ифтитоҳи Саммити ҷаҳонӣ дар мавзуи «Сармоягузорӣ ба некӯаҳволии кӯдакон: роҳ ба сӯи рушди устувор ва одилонаи наслҳои оянда» ва ҳамзамон Конгресси II байналмилалӣ оид ба онкологияи кӯдакона баргузор гардид.

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни саммит котиби матбуотии роҳбари давлат Шерзод Асадов қироат кард.

Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Халилур Раҳмон суханронӣ намуда, ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои ташаббуси баргузории саммити ҷаҳонӣ ва дар сатҳи баланд ташкил кардани он изҳори сипос кард.

Паёми Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба иштирокчиёни саммитро ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ӯзбекистон Сабине Маҳл эълон намуд.

Дар маросим ҳамчунин Бонуи аввали Ӯзбекистон, раиси Шӯрои сарпарастони Бунёди байналмилалии ҷамъиятии «Zamin» Зироат Мирзиёева, намояндаи махсуси Дабири кулли СММ оид ба масъалаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон Наҷот Маалла Мҷид ва муовини якуми директори Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шаҳноза Мирзиёева суханронӣ карда, ба иштирокчиён дар кори саммит муваффақият орзу намуданд.

Дар саммит намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва беш аз 100 давлат, коршиносону мутахассисони хориҷию ватанӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.